Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЙКО Виктор Антонович

САЙКО Виктор Антонович

САЙКО Виктор Антонович (18. 12. 1905, райони Апостол, ҳоло вилояти Днепропетровск —25. 08. 1983, Душанбе), ходими партиявӣ ва давлатии советӣ. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1929. Соли 1919 Сайко ба мактаби ҳарбию фелдшерии Херсон дохил шуд. Солҳои 1919—1920 ҷанговари отряди қисмҳои ҳарбии махсус. Солҳои 1925—1926 ангишткани кони Покровск (pайони Николаевск), раиси Иттифоқи батракҳои деҳаи Грушевка. Соли 1927 ба сафи Армиям Сурх даъват шуд. Ӯ ҳамчун ҷанговари отряди сарҳадии шаҳри Каркӣ дар мубориза бо босмачиён фаъолоиа иштирок кард. Январи 1930 бо тавсияи КМ ПК(б) Тоҷикистон аз армия пеш аз мӯҳлат баргашт. Бюрои Осиёимиёнагии КМ ВКП (б) ва КМ ВЛКСМ Сайкоро барои кор ба Комитети ком-сомолии округи Қӯрғонтеппа фиристоданд. Солҳои 1930—1934 мудири шӯъбаи ташкилӣ ва котиби камитети партиявии pайони Қурғонтеппа, мудири шӯъбаи ташкилӣ ва котиби комитетҳои партиявии районҳои Куйбишев ва Обигарм. Солҳои 1934—1937 котиби якуми Комитети партиявии район ва 1938—1940 котиби якуми Комитети партиявии вилояти Кӯлоб. Солҳои 1940—1941 шунавандаи Мактаби олии ташкилотчиёни партиявии назди КМ ВКП (б). Солҳои 1941—1943 котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон, 1943—1947 ҷонишини котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон. Солҳои 1947—1956 ҷонишини Раиси Советӣ Вазирони республика. Солҳои 1956—1971 вазири алоқаи РСС Тоҷикистон. Аз соли 1971 нафақахӯри шахсӣ. Дар Съезди 2-юми ПК (б) Тоҷикистон (1934) номзад ба аъзоии КМ, дар съёздҳои 3—15-ум аъзои КМ ва дар съездҳои 16—17-уми ПК (б) Тоҷикистон ном-зад ба аъзоии КМ ПК (б) интихоб шуд. Солҳои 1945—1957 аъзои Бюрои КМ ПК Тоҷикистон. Аъзои КИМ-и Тоҷикистон (1934—1938), аъзои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (1938—1946). Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистор (даъватҳои 1—7). Бо 2 ордени Ленин, ордени Ҷанги ватанӣ (дараҷаи 1), 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 3 ордени «Нишони Фахрӣ», 4 медал ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Ш. Ҷалилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …