Главная / Ҷамъият / САЙЁРИЯ

САЙЁРИЯ

САЙЁРИЯ яке аз силсилаҳои тасаввуфро номанд, ки пайравони он Абулаббоси Сайёриро пешвои маънавии худ мешумориданд. Бино ба маълумоти «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Чуллобии Ҳаҷвирӣ ба Абулаббоси Сайёрӣ аз падараш мероси зиёде мондааст, вале ӯ ба тасаввуф рӯ оварда, силсилаи худро таъсис намуд. Баъдтар дар Марву Нисо пайравони зиёде пайдо кард. Сайёрия «тафриқа» ва «ҷамъ»- ро рукнҳои асосии ин силсила шуморида, «тафриқа»-ро мансуб ба солик ва «ҷамъ»-ро мақсади ниҳоии сӯфӣ дар тасаввуф медонад. Баъди вафоти Абулаббоси Сайёрӣ (соли 964) роҳбарии силсилаи Сайёрия ба хоҳарзодаи Абулаббоси Сайёрӣ Абулвоҳид ибни Алӣ гузаштааст.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САФОРАТХОНА

САФОРАТХОНА, намояндагии дипломатие, ки ба он сафир ва ё дигар намояндагони дипломатии класси 1- ум …