Маълумоти охирин

САҶҶОД ЗОҲИР

САҶҶОД ЗОҲИР Саид (05. 11. 1905, Лакҳнав—11. 09. 1973, Алма-Ато), нависанда, ходими ҷамъиятии Ҳиндустону Покистон. Ба забони ҳиндӣ ва урду менавишт. Аъзои Партияи Коммунистии Ҳиндустон (ПКҲ) аз соли 1932; солҳои 1943—1948 аъзои КМ он буд. Университетҳои Лакҳнав ва Оксфордро хатм кардааст. Соли 1929 ба сафи Партияи Коммунистии Британияи Кабир дохил шуд. Сол 1936—1937, 1940—1942, 1951—1955 дар ҳабс буд. Аз соли 1935 дар фаъолияти партияи Конгресси миллии Ҳиндустон иштирок кардааст. Солҳои 1936—1939 дар ҳайати роҳбарикунандаи Партияи сотсиалистӣ — Конгресс буд. Яке аз асосгузорони Асосиатсияи нависандагони прогрессиви Ҳиндустон (1936). Аз соли 1948 Котиби Генералии партияи Коммунистии Покистон. Соли 1955 ба Ҳиндустон баррашта, ба тарҷумаи осори адибони Европа ва таҳрири газетаҳои «Даври авом» ва «Ҳаёт» (ба забони урду) машғул шудааст. Солҳои 1958 ва 1961 аъзои шӯрои миллии Партияи Коммунистии Ҳиндустон Саҷҷод Зоҳир ҳодими барҷастаи ҳаракати миллии озодихоҳии халқҳои Осиё ва Африка, яке аз ташкилотчиён ва иштироккунандаи панҷ конференсияи нависандагони Осиё ва Африка буд. Саҷҷод 3оҳир ба арсаи адабиёт ҳамчун новелланавис ворид гардидааст. Интишори маҷмаи «Шарораҳо» (1931), ки дар он новеллаҳои Саҷҷод 3оҳир ҷой доштанд, аз тарафи ҳукумат манъ гардида буд. Асарҳои асосиаш повести «Шаби Лондон» (1937), песаи «Касал» (1936), тадқиқоти адабии таърихии «Зикри Ҳофиз» (1956), ёддоштҳои «Рӯшноӣ» ва маҷмаи шеърҳои «Ёқути гудохта» (1954) мебошанд. Дар эҷодиёти Саҷҷод 3оҳир унсурҳои реализми сотсиалистӣ баръало ба назар мерасанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …