Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЙИДАЛИИ САБЗВОРӢ

САЙИДАЛИИ САБЗВОРӢ

САЙИДАЛИИ САБЗВОРӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 16). Дар чанде аз тазкираҳо (аз ҷумла, «Рӯзи равшан»-и Сабо) номаш дар радифи 1 шоирони ғазалсарои асри 16 зикр шудааст. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш равшан нест. Аз эҷодиёти Сайидалии Сабзворӣ абёти парокандаи ғазалу қасидаҳо тавассути тазкиираҳо то замони мо боқӣ мондааст. Ин байтҳо намунае аз эҷодиёти Сайидалии Сабзворӣ мебошанд:
Ба саҳрое, ки ноз аз ҷилва гардона. инонашро,
Ҷавоҳир сурма созанд оҳувон реги равонашро.
* * *
Меравам з-ин шаҳр, аммо баски рӯям дар қафост,
Метавон ҳангоми рафтан кард истиқболи ман.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …