Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЙИДАҲМАДИ ҒАЗОЛУЛЪАЙН

САЙИДАҲМАДИ ҒАЗОЛУЛЪАЙН

САЙИДАҲМАДИ ҒАЗОЛУЛЪАЙН (соли таваллудаш номаълум, вафоташ 1578), яке аз хаттотони асри 16 тоҷик. Аслан аз Машҳад. Барои омӯхтани ҳунари хаттотӣ ба Ҳирот омада, ба Миралӣ шогирдшуда, то ба дараҷаи устодӣ расидааст. Сайидаҳмади Ғазолулъайнро ҳамроҳи Миралӣ ва баъзе хаттотону ҳунармандони дигар солт 1529 ба Бухоро овардаанд. Сайидаҳмади Ғазолулъайн чанд муддат ҳамроҳи Миралӣ дар китобхонаи Абдулазлзхон ба китобат машғул будаст. Баъд боз ба Машҳад баргашта, пас аз чанде ба Мозандарон рафта дар он ҷо вафот кардааст. Аз намунаҳои китобати ӯ китъаҳои пароканда дар китобхонан шахсии Фикрии Салҷуқӣ (муаллифи «Хушнависон ва ҳунармадон») маҳфузанд.
А. Нуров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …