Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЙФУДДИНИ ДЕҲЛАВӢ

САЙФУДДИНИ ДЕҲЛАВӢ

САЙФУДДИНИ ДЕҲЛАВӢ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1582), шоир ва донишманди форс-тоҷик. Гузаштагони Сайфуддини Деҳлавӣ аз Бухоро буда, баъдтар сокини Ҳиндустон шудаанд. Баробари Сайфуддини Деҳлавӣ падар ва писараш аз донишмандон ва мутасаввифони машҳури замон ба шумор мерафтанд. Сайфуддини Деҳлавӣ муриди Шайх Амонуллоҳи Понипатӣ будааст.
Сайфуддини Деҳлавӣ асарҳои манзум (ғазал, рубоӣ, қитъа, маснавӣ) ва мансур дар мавзӯоти фалсафӣ ва ирфонӣ эҷод кардааст, ки намунае аз онҳо дар тазкира ва манобеи дигари адабиву динӣ то замони мо расидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …