Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЙФУДДИНИ БОХАРЗӢ

САЙФУДДИНИ БОХАРЗӢ

САЙФУДДИНИ БОХАРЗӢ (1190, деҳаи Бохарзи вилояти Хуросон —1261 деҳаи Фатҳободи вилояти Бухоро), яке аз намояндагони тасаввуфи асри 13. Дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии Осиёи Миёна мақоми калон дошт. Дар мадрасаҳои Ҳирот ва Нишопур таҳсил кардааст. Фаъолияташро дар Хоразму Бухоро гузаронида, ба дараҷаи «Шайхулолам» расидааст. Бино ба маълумоти муҳаққиқони асрҳои миёна баъди ба Хоразм омадани Наҷмуддини Кубро ва таъсиси силсилаи тасаввуфии кубравия Сайфии Бахарзӣ, Наҷмуддини Бағдодӣ, Саъдуддини Ҳамавӣ ва дигарон аз пайравону шогирдони содиқи Наҷмуддини Кубро дониста мешуданд. Баъзе порчаҳои парокандаи ашъори тасаввуфиаш маҳфуз мондаанд.
М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …