Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЙФИИ САРОӢ

САЙФИИ САРОӢ

САЙФИИ САРОӢ (1323, Хоразм —1396, Искандария), шоир ва тарҷумони ӯзбек. Дар Олтинӯрда ва Миср зиндагӣ кардааст. Солҳои 1362 —1380 дар Олтинӯрда 20 ҳокими муғул иваз шуд. Ба ин гирудори тоҷхоҳӣ ва вазъияти ногувор тоб оварда натавониста, аксар уламову удабо ба шаҳрҳои дигар кӯчиданд. Сайфии Сароӣ рози Мисрро пеш гирифт. Дар Миср адабиёти араб ва форс-тоҷикро омӯхта, чун шоири лирик, қасидасаро ва достонсаро шӯҳрат ёфт. Аз вай 10 ғазал, 1 қасидаи якчанд рубоӣ ва қитъаҳо боқӣ мондааст. Ғазалҳояш ишқиянд. Достони таърихии ишқии «Суҳайл ва Гулдурсун» низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад,
Свйфии Сароӣ дар Миср солҳои 1390—1391 «Гулистон »-и Саъдиро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кард. Дар тарҷума мазмуни ғоявӣ, банду басти асар нигоҳ дошта шудааст, вале дар баъзе ҷойҳои он аз эҷодиёти даҳанакии халқ порчаҳои манзум дохил гардидаанд. Ин асар нахустин тарҷумаи ӯзбекии «Гулистон» аст. Ягона нусхаи дастнависаш дар китобхонаи шаҳри
Лейден (Голландия) маҳфуз аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …