Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЙФИЕВ Наҷмӣ

САЙФИЕВ Наҷмӣ

САЙФИЕВ Наҷмӣ (таваллудаш 12. 7. 1932, деҳаи Чуқурак, ҳозира совхози «Варгонза»-и pайони Китоб, вилояти Қашқадарёи РСС Ӯзбекистон), адабиётшиноси советии тоҷик, доктори илмҳои филология (1983). Факултети таъриху филологияи УДТ-ро хатм кардааст (1957). Лабораяти калони сектори адабиёти классикии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ (1957—1958), ходими хурди илмӣ (1958—1959, 1962—1964), аспирант (1959—1962) ва ходими калони илмии Институти шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон (1964—1967) буд. Солҳои 1967—1970 муаллими калони Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко. Солҳои 1971—1984 дотсент, аз соли 1984 профессор ва мудири кафедраи адабиёти тоҷики ҳамин Институт. Сайфиев ба омӯзиши адабиёти классикии форс-тоҷик машғул буда, зиёда аз 60 мақолаи илмӣ ва илмию аммавӣ ба табъ расондааст. Дар монографияҳои ӯ «Пахлии Бухороӣ» (1969), «Ҳофизи Таниш ва «Шарафномаи шоҳӣ»-и ӯ (1972), «Ҷалоли Табиб ва матни илмию интиқоди достони ӯ «Гулу Наврӯз» (1975) ва «Достонсароии форс-тоҷик дар аори XIV» (1983) масъалаҳои муҳими эҷодиёти ин нависандагон ва жанри достон мавриди тадқиқ қарор гирифтаанд.
В. Юсуфов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …