Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЙФИДДИНОВ Шарофиддин Сангинович

САЙФИДДИНОВ Шарофиддин Сангинович

САЙФИДДИНОВ Шарофиддин Сангинович (таваллудаш 24. 8. 1929, Хуҷанд), бастакори советии тоҷик, Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон. (1974). Аъзои КПСС аз соли 1962. Аввал ҳамчун скрипканавоз дар Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод, баъдтар дар Душанбе таҳсил кардааст. Солт 1052 шӯъбаи миллии Консерваторияи Москваро (синфи композитсияи В. Г. Феро, баъдтар факултети назариявии бастакорӣ), соли 1962 Консерваторияи Тошкентро (синфи композитсияи Б. И. Зейдман) хатм намуд. Солҳои 1960—1962 директори Омӯзиштоҳи мусиқии Душанбе. Солҳои 1971—1972 ва аз соли 1974 то ҳол муаллими Институти давлатии санъати Тоҷикистон (аз соли 1979 дотсент, аз соли 1985 профессор). Раиси Правленияи ИБ Тоҷикистон (аз соли 1962). Лауреати Мукофоти давлатаи РСС Тоҷикистон ба номи А. Рӯдаки (1970, барои достонҳои симфонии «Роҳи мақбара», «Эҳтиёт бошед, Сталинград», «Васфи партия» ва суруди «Республикаи ман»). Сайфиддинов бастакорост бо фардияти хоси эҷодӣ. Асарҳои ӯ дорои мундариҷаи амид, пафоси рӯҳбаландкунанда ва ҳаёти дустона буда, саршори ғояҳои ватандӯстист. Сайфиддинов аввалин офарандаи опера: операи қаҳрамонӣ-инқилобит «Пӯлод ва Гулрӯ» (1957), операҳои таърихи – тарҷумаиҳолии «Рӯдакӣ» (1976) ва «Айнӣ» (1978); асарҳо барои оркестри симфонӣ, аз он ҷумла достони симфонии «Қишлоқи тиллоӣ» (дар асоси мусиқии он филм-балети «Садот кӯҳсор», 1965) инчунтн кантата, романс, мусиқӣ барои спектаклҳои драмавӣ, кинофилмҳо ва ғайраҳо мебошад. Эҷодиёти Сайфиддинов бо анъанаҳои миллим мусиқии халқи тоҷик зич алоқаманд аст. Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён» мукофотонида шудааст.
Ac.: 2 кантата («Гул кун, Тоҷикистон». 1954 ва кантата ба шарафи 40-солагии республика, 1964); достон барои овоз бо оркестр; квартети торӣ; драмаи мусиқии «Зафар ва Заррина» (1963, Театри мазҳакаи мусиқии Ленинобод); «Ишқи мансабдор» (1969); мазҳакаи мусиқии «Ду ҳусну ду ишқ» (1957, Театри мазҳакаи мусиқии Ленинобод); романсҳо, сурудҳо, мусиқӣ барои кинофилмҳои «Одам пӯсташро иваз мекунад» (бо ҳамроҳии А. И. Пирумов, 1959), «Зумрад» (1962), «Хокистари сӯзон» (1967)- ва ғайра.
Ад.: Композиторы Таджикистана, Д., 1966;
Да нск ер О. Л., Таджикская ССР дар кит.; История музыки народов СССР, ч. 4, М., 1973; «Золотой кишлак», симфоническая поэма Ш. Сайфид- динова, дар кит.; Советская музыкальная литература, в 2, под общ. ред. Е. А. Бокшаниной, М., 1979.
3. Тоҷикова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …