Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЙФИ ИСФАРАНГӢ

САЙФИ ИСФАРАНГӢ

САЙФИ ИСФАРАНГӢ (1185—1186, Исфаранг, ҳозира Исфараи РСС Тоҷикистор—1267, Бухоро), шоири форс-тоҷик. Дар мадрасаҳои Бухорову Самарқанд таҳсил кардааст. Аз ҷавонӣ дар шоирӣ ном бароварда, ба дарбори шоҳи Хоразм даъват шуд. Аммо ба зуди дилаш аз дарбормонд ва шоир саёҳати Хуросонро пеш гирифт. Аз Хуросон ба Самарқанд, Хуҷанд ва ба Бухоро омад. Парокандагии мамлакат ва парешонии рӯзгори халқро дида, ба давлатдории ҳокимону вазирони муғул лаънатҳо мехонд. Сайфи Исфарангӣ аз бедодгариҳои ҳокимони давр ба дод омада, гӯшанишинӣ ихтиёр кард ва мувофиқи баъзе маълумотҳо ба тасаввуф рӯ овард. Сайфи Исфарангӣ дар назм ва наср асарҳо навиштааст, вале аз осори насрии ӯ чизе дастрас нашудааст. Муаллифони тазкираҳо танҳо аз девони шоир ёдовар шудаанд. Мувофиқи маълумоти Давлатшоҳи Самарқандӣ девони Сайфи Исфарангӣ дар замони зиндагии шоир мураттаб шуда буд. Девони Сайфи Исфарангӣ 12000 байт дошта, қитъа, тарҷеъ, ғазал, рубоӣ ва қасидаро дар бар мегирад. Қасоиди Сайфи Исфарангӣ мадҳӣ, таърихӣ, ҳасбиҳолӣ, фахрия ва ғайра мебошанд. Бештарини қасидаҳои Сайфи Исфарангӣ насиб ё ташбиб доранд, ки дар онҳо тасвири муҳаббат, нишоту хурсандӣ, базмҳои майгусорӣ, сафову таровати баҳор, субҳу шом, осмону ситораҳо, инчунин шикояти замона, ифтихори шоирӣ, луғз ва ғайраро дида метавонем. Ақидаҳои сиёсию иҷтимоии Сайфи Исфарангӣ
бештар дар қасидаҳояш акс ёфтаанд. Шоир бо мақсади тарғиби хислатҳои хуб ва офаридант образи ҳокими идеалӣ фикрҳои муҳими ахлоқӣ пеш гузоштааст. Ақидаҳои ахлоқии шоир ба шоҳону вазирон накӯкорӣ, адлу инсоф, хирадмандӣ ва фазлу идрок илқо намудаанд. Дар эҷодиёти Сайфи Исфарангӣ
ҳаҷв ҷои махсус дорад. Шоир дар ҳаққи амалдорону рӯҳониён ва мастию ҷоҳпарастӣ, хасисиву ҳарисӣ рубоӣ ва қитъаҳои ҳаҷвии тунде гуфта аст. Сайфи Исфарангӣ
тарафдори санъати баланд буда, ба шоирони сохтакору хушкмағз нафрат дошт. Дар шеъри Сайфи Исфарангӣ
шахсони бефазилат, шоирони шеърдузд ва нодону ёвагӯй сахт танқид гардидаанд. Қитъаҳои Сайфи Исфарангӣ
бештар дар васфи ҳунар ва шеъру шоирӣ гуфта шудаанд. Ғазалиёти шоир ба насиби қасида монанданд. Беҳтарин рубоиёти Сайфи Исфарангӣ
бо мазмуни баланди иҷтимоӣ ва фалсафиашон ҷолибанд. Сайфи Исфарангӣ
ба санъати шеър эътибори ҷиддӣ додааст. Шеъри Сайфи Исфарангӣ
содда буда, ба эҷодиёти даҳанакии халқ шабоҳат дорад. Забон ва услуби Сайфи Исфарангӣ
дар қисмати ташбиби қасидаҳо, ғазалибт, рубоиёт ва тарҷеоти ӯ равону суфта мебошад. Ашъори Сайфи Исфарангӣ
аз мақолу зарбулмасалҳо саршор аст. Санъати баланд, соддагӣ, насибу ташбибҳот дилчасп, оҳанги баланди иҷтимоӣ, ҳаҷви тезу тунд эҷодиёти Сайфи Исфарангиро дар таърихи адабиёт соҳибмақом гардонидаанд.
Ад.: Сулаймонова Л.. Хаёт ва эҷодиёти Сайфи Исфарангӣ, Д., 1973.
Л. Сулаймонова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …