Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЙФИ ФАРҒОНӢ Сайфуддин, Муҳаммад

САЙФИ ФАРҒОНӢ Сайфуддин, Муҳаммад

САЙФИ ФАРҒОНӢ Сайфуддин, Муҳаммад (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форс-тоҷик. Дар охири асри 13 ва ибтидои асри 14 зистааст. Ҳамзамон ва дӯсти Саъдии Шерозӣ. Дар зодгоҳаш таҳсил кардааст. Шоир ватанашро дӯст медошт, аз он дил кандан намехост. Аммо аз таъқиби муғулҳо ночор ватанро тарк гуфта, ба Табрез рафт ва солҳои 1262—1284 он ҷо умр ба cap бурд. Дар Табрез аз Саъдӣ хабар ёфт ва чанд номаи манзуме ба унвони ӯ фиристод, ин чаҳортояшон то замони мо расидааст. Ин номаҳо гувоҳи эҳтирому эътиқоди Сайфи Фарғонӣ ба Саъдӣ мебошанд. Аҳволи Сайфи Фарғонӣ дар Табрез вазнин шуд ва ӯ ба шаҳри Оқсарон Рум рафт ва то охири умраш он ҷо зист.
Аз Сайфи Фарғонӣ девоне боқист, ки 573 ғазал, 160 қасида, 4 қитъа ва 23 рубоӣ дорад. Шоир дар ғазал ба Саноӣ, Аттор, Хоқонӣ ва махсусан ба Саъдӣ пайравӣ кардааст. Қариб 90 ғазали шоир дар пайравӣ ё ҷавоби ғазалҳои Саъдӣ гуфта шудаанд. Ғазалиёти Сайфи Фарғонӣ, бар хилофи ҳаҷми анъанавии ғазал, аз 9 то 15 байт иборатанд. Ғазалиёти шоир пурҳаяҷону шӯрангез буда, нозуктарин торҳои қалби инсонро ба ҷунбиш меоранд. Дар як силсила ғазалҳои Сайфи Фарғонӣ ҳақиқати зиндагӣ бо оромӣ тасвир ёфта, ҷои ҳаяҷони пуршӯрро ақлу мантиқ гирифтааст. Ғазалҳои Сайфи Фарғонӣ саросар ошиқонаанд. Дар баъзе ғазалҳо ишқи сӯфиёна суруда шудааст, чунки Сайфи Фарғонӣ худ шоири сӯфимашраб буд. Дар ғазалҳои Сайфи Фарғонӣ садои шткоят ва эътирози шоир аз замони пуршӯр, танқиду мазаммати муғулони истилогар ва ғайра низ ба гӯш мерасад. Ақидаҳои сиёсию иҷтимоии Сайфи Фарғонӣ равшантар аз ҳама дар қасидаҳои ӯ ифода ёфтаанд. Акcap қасидаҳои шоир ташбиб надоранд; шоир барои тамаъ касоро мадҳ на кардааст. Қасидаҳои Сайфи Фарғонӣ бештар шикоятӣ, танқидӣ, фалсафӣ, ирфонӣ буда дар онҳо нуқсонҳои иҷтимоии замон, амирону вазирон ва ҳокимону амалдорон танқид шудаанд. Сайфи Фарғонӣ ҳеҷ гоҳе ба аҳволи халқу мамлакат бетараф набудааст. Масалан, шоир ҳангоми дар Рум буданаш ба унвони фармондори Табрез ду қасидаи шикоятӣ фиристода, хорию зории халқро ба ӯ маълум мекунад:
Золимон мурдадилу мазлумакон навхакунон,
Ҳеҷ дилсӯзӣ набошад мурдаро бар навҳагар.
Золимон хунрез чун фассоду з-эшон халқро,
Хуни дил cap бар раги ҷон мезанад чун нештар.
Дар қасидаву ғазалиёти Сайфи Фарғонӣ оид ба ватан, инсон, некукорӣ, саховат, эҳсон, ҳамчунин тариқи мамлакатдорӣ, инсофу адолати амирон ва ғайра фикрҳои ҷолиб баён ёфтаанд. Шоир ободии кишварро дар адлу тадбир дониста, амирони сангдилу зулмпешаро ба адлу инсоф даъват мекунад:
Ба адл чун накунад мулкро биҳиштсифат,
Агарчи хур бувад, з-аҳли дӯзах аст амир.
Ос.: Девони Сайфи Фарғонӣ, Д., 1978.
Ад.: А ф с а х о в А., Сайфи Фарғонӣ, Д-. 1976; Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XII—XIV, Д., 1976.
У. Каримов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …