Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЙФӢ-Амир Ёдгорбек

САЙФӢ-Амир Ёдгорбек

САЙФӢ-Амир Ёдгорбек (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1465/1466), шоири форс-тоҷик. Аз авлоди амирзодагони темурӣ. Ба қавли тазкиранависон аз хидмати дарбор худро канора гирифта бо донишмандон муошират мекард. Шахси хоксор ва фурӯтан буд. Аз Сайфӣ якчанд ғазал ва байтҳои пароканда тавассути тазкираҳо ва баёзҳо боқӣ мондаанд, ки шоҳиди маҳорати баланди ӯ дар шеъру шоирӣ мебошанд. Сайфӣ сарояндаи ишқ, вассофи ҳусну тароват ва зебоиҳои маъшуқа аст. Шеърҳояш бо забони содда ва бо санъати баланд гуфта шу-даанд. Байти зерин аз ӯст:
Омадӣ, эй шамъ, маҷлисро чу гулшан сохтӣ,
Пой бар чашмам ниҳоди, хона равшан сохтӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …