Маълумоти охирин
Главная / Илм / САЙËРАҲОИ ХУРД – астероидҳо

САЙËРАҲОИ ХУРД – астероидҳо

САЙËРАҲОИ ХУРД, астероидҳо, ҷирмҳои осмонтеро гӯянд, ки дар атрофи Офтоб аз рӯи мадори эллипсшакл давр мезаганд. Мадори аксарияти (98%) Сайëраҳои хурд дар байни Миоррих ва Муштафӣ ҷой гирифтаанд. Астероиди нахустинро 1 январи соли 1801 Ҷ. Пиасси кашф кард, ки онро Серера номиданд. Пас аз як сол Г. Олберс астероиди навро кашф кард ва он Паллада ном гирифт. То соли 1808 боз ду Сайёраҳои хурд— Юнона ва Веста, аз нимаи дуюми асри 19 cap карда миқдори зиёди Сайёраҳот хурд панҳам кашф шуданд.
Ҳар як сайёраи хурдро, ки мадораш як дараҷа саҳеҳ муайян шудааст, бо рақами доимӣ ишорат мекунанд ва н м медиҳанд. Ҳоло адади Сайёраҳои хурд рақамдор аз 2000 зиёдтар мебошад. Миқдори сайёраҳое, ки бо телескопҳои ҳозиразамон мушоҳтда кардан мумкин аст, қариб ба сад ҳазор мерасад.

asteroids-in-space-2880x1920
Ба ҳисоби миёна диаметри Сайёраҳои хурд аз 1 км кашида то 1000 км мерасад. Массаи якҷояи ҳамаи Сайёраҳои хурд андаряк ба 3,5•1021 кг мерасад, ки ин қариб ба 1/20 ҳиссаи массаи Моҳ ё 1/ 1700 ҳиссаи массаи Замин баробар аст. Албедои Сайёраҳои хурд аз 0,02 то 0,4 мебошад:
Нимтири калони мадорӣ аксар (97%) Сайёраҳои хурд аз 2,2 то 3,6 в. а. ва даври гардиши онҳо дар атрофи Офтоб аз 3 то 7 солро ташкил мекунад. Экстсентриситети миёнаи мадорҳои Сайёраҳои хурд ба 0,15 ва тамоюли миёнаи онҳо ба эклиптика ба 9,7° баробар аст. Трояниҳо ном гурӯҳи Сайёраҳои хурд хусусияти аҷоибе доранд: ҳамаи аъзои ин гурӯҳ чунин ҳаракат мекунанд,. ки Офтоб, Муштарӣ ва Сайёраҳои хурд тахминан секунҷаи баробартарафро ташкил мекунанд. Афелии мадори кашолёфтаи Гидалго, ки нимтири калонаш 5,8 в. а. дарозӣ дорад, аз мадори Зуҳал дуртар воқеъ гардидааст. Мадори сайёраи хурди Хирон (андозааш 200—400 км) боз ҳам калонтар буда, дар байни мадорҳои Зуҳал ва Уран ҷойгир шудааст, аммо перигелияаш дар дохили мадори Зуҳал мебошад. Баъзе Сайёраҳои хурд мадори на он қадар калони кашолёфтае доранд, ки ба мадори Замин хеле наздик мешавад (гурӯҳи Амур) ва ҳатто ба дохили он медарояд (гурӯҳи Аполлон). Сайёраи хурди Икар ҳатто ба дохили мадори Аторуд мёдарояд. Ҳамин гуна Сайёраҳои хурд баъзан бо Замин бархӯрданашон мумкин аст; дар ин ҳол як қисми онҳо ба рӯи Замин афтода танӯраҳои метеоритӣ ба вуҷуд меоранд (онҳоро метеорит меноманд).
Дар бораи пайдоиши Сайёраҳои хурд ду фарзия ҳаст. Аз рӯи яке аз онҳо Сайёраҳои хурд дар натиҷаи пора гаштани як сайёраи калони дар байни Мирриху Муштарӣ буда ба вуҷуд омадаанд, аз рӯи фарзияи дигар дар натиҷаи ба якдигар бархӯрдани якчанд ҷирми қиёсан майдае, ки мисли сайёраҳо аз абри газу чангмонанд ташаккул ёфтаанд, пайдо шудаанд.
Сайёраҳои хурд ба монанди сайёраҳот дарунӣ ҷисмхои сангӣ ба ҳисоб мераванд, ки зичиашон ба ҳисоби миёна ба 2,2 г/см3 баробар аст.
Солҳои охир астрономҳои тоҷик низ дар расадхонаҳои Институти астрофизикаи АФ Тоҷикистон доир ба Сайёраҳои хурд тадқиқот бурда истодаанд.
Ад.: Путилин И. Л., Малые планеты, М., 1953; Малые планеты, под ред. Н. С. Сямойловой-Яхонтовой, М., 1973.
П. Бобоҷонов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …