Маълумоти охирин
Главная / Илм / САЙËРАҲД

САЙËРАҲД

САЙËРАҲД ҷирмҳои калони осмониянд, ки дар атрофи Офтоб аз рӯи мадорҳои эллипсшакл ҳаракат карда, рӯшнони Офтобро инъикос намуда медурахшанд.
Одамон аз қадимулайём мушоҳида карда буданд, ки дар байни ситораҳдои осмон ҷирмҳои мунире ҳастанд, ки аз як бурҷ то бурҷи дигар мавқеашонро иваз карда, гӯё сайр мекунанд (аз ин сабаб сайёра ном гирифтаанд). Бо чашми номусаллаҳ 5 сайёра (Зӯҳра, Муштарӣ, Миррих, Зуҳал ва Аторуд)-ро дидан мумкин аст. Се сайёраи дигарро танҳо бо ёрии телескоп мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ин ҷост, ки онҳо дар асрҳои 18—19, баъди ихтирои телескоп кашф шудаанд: Уран (соли 1781, В. Гершел), Нептун (соли 1846, Ҷ. Адамс, У. Левере, И. Галле), Плутон (соли 1930, П. Ловелл, К. Томбо). Ғайр аз 9 сайёраи калон (аз ҷумла Замин) якчанд ҳазор сайёраҳои хурд (астероидҳо) кашф шудаанд, ко андозаҳояшон гуногун буда, асосан дар байни мадорзои Миррих ва Муштарӣ ҳаракат мекунанд.

sayyoraho
Сайёраҳо аз рӯи тариқи ҳаракати ба чашм намоёнашон (дар байни ситораҳо) ба гурӯҳҳои поёнӣ ва болоӣ ҷудо мешаванд. Сайёраҳои поёнӣ (Аторуд ва Зӯҳра) зангоми заракати зоҳирии худ дар осмон аз Офтоб чандон дур шуда наметавонанд (Аторуд га зиёда аз 29°, Зӯҳра на зиёда аз 48°).. Сайёрадои болой (Миррих, Муштарӣ, Зӯҳра, Уран, Нептун, Плутон) аз Офтоб дар масофаҳои кунҷии дилхоҳ (то 180°) мушоҳида мешаванд.
Аз рӯи хусусиятҳои физикӣ (зичб, андоза, суръати чархзанӣ дар атрофи меҳвар) ва таркиби химиявӣ сайёраҳо ба гурӯҳи заминӣ ё дохилӣ (Аторуд, Зӯҳра, Замин ва Миррих), ки дар дохили тасмаи астероидҳо ҳаракат мекунанд ва ба сайёраҳои азим ё худ берунӣ (Муштарӣ, Зуҳал, Уран, Нептун) ҷудо мешаванд. Сайёраҳои гурӯҳи заминӣ ба Офтоб хеле наздик ҷойгир шудаанд, массаашон нисбатан хурд, зичиашон (3,8— 5,5 г/см) ва даври дар атрофи меҳвар чархзаниашон (аз 24 соат то 243 шаборӯз) калон аст. Сайёраҳои аз ин массаи калону зичии хурд доранд ва дар атрофи меҳварашон тез (дар давоми 10-15 соат) чарх мезананд. Ҳатто хурдтарини онҳо — Уран аз ҷиҳати масса аз тамоми сайёраҳои гурӯҳи заминӣ панҷ карат калонтар аст. Зичии миёнаи ин сайёраҳо ба зичии об наздик буда,
мадорашон дар масофаҳои аз 5 то 30 в. а. чойгир шудаанд. Сайёраи нуҳум Плутон, ки масофааш аз Офтоб ба ҳисоби миёна 39,5 в. а. аст, аз рӯи андоза ба гурӯҳи заминӣ ва аз рӯи таркиби химиявӣ ба гурӯҳи сайёраҳои азим наздик аст.
Даври гардиши сайёраҳо дар атрофи Офтоб аз 88 шаборӯз (Аторуд) то 249 сол (Плутон) мебошад. Агар ҳаракати сайёраҳоро аз қутби шимолии дунё мушоҳида кунем, ҳамаи сайёраҳо дар атрофи Офтоб ба як самт (муқобили ақрабаки соат) ҳа-ракат мекунанд. Ҳамвориҳои мадори сайёраҳо (ғайр аз Аторуд ва Плутон) ба эклиптика бо кунҷе моиланд, ки аз 3,4° хурдтар аст. Ҳамвории экватори Аторуд ва Плутон ба ҳамвории (мадорашон ба андозаи мувофиқан 7°ва 17°моиланд. Аз ин ҷост, ки фаслҳои сол дигар шуда меистанд.
Дар сатҳи сайёраҳое, ки қариб ё тамоман атмосфера надоранд, таш- килаҳое дида мешаванд, ки ба онҳо шартан номҳои заминӣ додаанд (ҳарчанд, ки табиати физикии онҳо ба ин номҳо тамоман мувофиқ иамеояд). Масалан, баҳрҳои тиран Миррих баҳр набуда, мавзеъҳоеанд, ки нисбат ба дигар мавзеъҳо рӯшноиро камтар инъикос мекунанд. Дар бораи сатҳи сайёраҳо ва табиати физикии онҳо 20 соли охир тавассути сафинаҳои кайҳонб (аппаратҳои советии «Венера», «Марс», «Зонд», «Вега» ва америкоӣ «Маринер», «Пионер», «Викинг», «Воячер») маълумоти пурқимат ба даст оварда шудааст. Аз ин маълумот ва мушоҳидаҳои рӯизаминӣ бармеояд, ки Аторуд ва Миррих ба Моҳ хеле монанд, буда, сатҳашон аз танӯраҳои сершумор иборат будааст. Ин танӯраҳо дар натиҷаи бо дигар ҷисмҳои осмонӣ бархӯрдани сайёраҳои мазкур пайдо шудаанд, яъне пайдоиши метеоритӣ доранд. Қонуни тақсимоти танӯраҳо дар Моҳ, Миррих ва Аторуд мувофиқи андозадояшон ба қонуни тақсимоти массаҳои ҷисмҳои метеоритӣ мувофиқ меояд. Дар сатҳи Аторуд ҷойҳои ҳамворӣ доирашакл мавҷуданд, ки калонтарини онҳо— Калорис 1300 км бар дорад. Мавҷудияти моддаи тира ва танӯраҳои бо лава пуршуда дарак медиҳад, ки дар ибтиҳои таърихи Аторуд дар қаъри он фаъолияти вулқонӣ дар авҷ будааст. Дар сатҳи Зӯҳра мавзеъҳои ҳалқашакле дастанд, ки ба танӯраҳои метёоритии Моҳ монанд буда, диаметрашон ба 35—150 км мерасад. Дар сатҳи Зӯҳра тарқиши азиме ошкор шудааст, ки дарозиаш 1500 км бараш 150 км ва чуқуриаш қариб 2 км мебошад. Тарқиши азими сатҳи Миррих, ки Копрат ном дорад, 400 км дарозӣ, 120 км бар ва қариб 6 км чуқурӣ дорад. Дар сатҳи Зӯҳра низ вулқоне ошкор шудааст, ки диаметри асоси он ба 300—400 км ва баландиаш ба 1 км баробар мебошад.
Сатҳи Зӯҳра нисбат ба Моҳ ҳамвортар бошад ҳам сохти мураккаб дорад; дар биёбонҳот сангзори он осори фаъолияти вулқонию тектоникӣ ва борони метеоритӣ дида мешавад. Вулқонҳои азим дар Миррих низ ба воситаи аппаратҳои кайҳонӣ ошкор карда шудаанд, ки диаметри калонтарини онҳо — Олими 600 км ва баландиаш 22 км мебошад. Расмҳои бевосита дар рӯи Миррих гирифташуда нишон медиҳанд, ки қитъаҳои зарду норинҷии он дар ҳақиқат аз биёбонҳои сангзор иборат будаанд.
Дар тӯли бисёр солҳо диққати олимонро кӯлоҳҳои сафеди Миррих ба худ ҷалб мекарданд, ки андозадояшон дар зимистон зиёд шуда аз оғози тобистон cap карда хурд мегарданд ва охир онҳо нест мешаванд. Қисми асосии кӯлоҳҳои сафеди Мир-рих аз яхи оксиди карбон ва қисми хеле ночизи онҳо аз барфреза (қирав)-и аз буғҳои об ба вуҷудомада иборатанд. Танӯрдҳои метеоритии сершумор дар сатҳи радифҳои Миррих — Фобос ва Деймос низ ошкор шудаанд. Солҳои охир (1975— 1985) дар бораи плазмаи наздисайёрагӣ ва майдони магнитии Зӯҳра ва Миррих низ маълумоти гаронбаҳои илмӣ ба даст оварда шуд (ба туфайли тадқиқоти кайҳонии олимони советӣ ва америкоӣ).
Соли 1977 ба воситаи мушоҳидаҳо аз самолёт ҳалқаҳои Уран ва соли 1979 бо ёрии аппарати кайҳонии америкоӣ «Воячер-1» ҳалқаҳои Муштарӣ ошкор шуданд. Уран ва Нептун нисбат ба Муштарӣ ва Зуҳал аз ҷиҳати масса хурд буда, аз ҷиҳати зичӣ калонтаранд. Албедои Плутон 0,5 буда, қисми зиёди сатҳи он бо ях ва барфреза пӯшнда шудааст.
Ҳарорати сайёраҳо асосан ба масофаи онҳо аз Офтоб вобаста аст. Ҳарорати миёнаи сатҳи Аторуд шабона —162°С ва рӯзона қариб +350°С ро ташкил мекунад. Зӯҳра дар атрофи меҳвараш дар давоми 243 шаборӯз як бор чарх мезанад. Азбаски вай ба самти акс чарх мезанад, як шаборӯзи Зӯҳра ба 58,5 шаборӯзи заминӣ рост меояд. Ҳарорати миёна дар тарафи рӯзонаи Зӯҳра қариб +480°С буда, баробари аз сатҳ дур шудан ба ҳисоби дар як км 8°—10° паст шуда, дар баландии 25—30 км ба 270°С баробар мешавад.
Миррих аз Офтоб нисбат ба Замин 1,5 бор дуртар ҷойгир шуда, атмосфераи хеле тунук дорад.. Аз ин сабаб бояд вай хунуктар бошад ва ҳарораташ шабона хеле паст фарояд. Ғайр аз ин, аз сабаби калон будани эксентриситети мадори Миррих ҳарорати нуқтаи зериофтобии Миррих дар перигелий (300 К) аз ҳарорати он дар афелий (270 К) фарқ дорад. Андозагириҳои сершумор нишон медиҳанд, ки ҳарорати ҷойҳои қутбии Миррих қариб ба
200—210 К мерасад. Агар Миррих дар перигелий бошад, рӯзона дар назди экватор сатҳи сайёра то ба +25°C (298 К) гарм шуда, ҳарораташ бегоҳӣ якбора то ба сифр ва шабона то ба — 80°С паст мешавад, чунин атмосфераи хело тунукшудаи он термин рӯзона аз Офтоб гирифтаашро нигоҳ дошта наметавонад. Ҳарорати миёнаи тарафи намоёни Миррих ба —23°С баробар меояд (аз они Замин + 22°С).
Ҳарорати миёнаи қабати абрии Муштарӣ ба —150°С баробар аст, яъне гармиафкании Муштарӣ нисбат ба гармии аз Офтоб гирифтаи он ду баробар зиёд мебошад. Пас як қисми гармии Муштарӣ аз қаъри он ҷудо шуда мебарояд. Ҳарорати қабати абрии Зуҳал қариб — 180°С мебошад, яъне гармиафкании Зуҳал низ нисбат ба гармигириаш (аз Офтоб) 2,5 бор зиёдтар аст. Пас Зуҳал ба монанди Муштарӣ манбаи дохилии энергия дорад, ки дар натиҷаи фушӯриши гравитатсионӣ (барои Муштарӣ 0,1 см/сол) ба вуҷуд меояд. Ҳарорати миёнаи Уран ва Нептун мувофиқан 50 К ва 40 К баробар аст. Ҳарорати рӯи Плутон бошад, аз 40 К (—233°С) беш нест.
Мавҷудияти атмосфераи саиёраро аз рӯи «мушоҳидаи то рафт ба канор тирашавии қутри сайера, тадриҷан суст шудани дурахшонии ситораҳо ҳангоми пеши онҳоро гирифтани сайёраҳо, аз рӯи мавҷудияти абрҳо ва ҳоказо муайян мекунанд. Атмосфераи Аторуд хеле тунук буда, андаряк ба 106 мол/см3 баробар аст. Фишори ҳаво дар сатҳи он ба 10-12бар баробар меояд, яъне зичӣ дар он ҷо тахминан 107 мол/см3 аст. Қариб 0,1% атмосфераи Аторуд аз гелий иборат аст. Гидроген ва оксиген ба миқдори кам мавҷуданд. Атмосфераи Зӯҳра, ки онро нахустин бор олими бузурги рус М. В. Ломоносов соли 1761 (ҳангоми аз рӯи қутри Офтоб гузаштани Зӯҳра) кашф кардааст, асосан (97%) аз гази карбонат (С02) таркиб ёфтааст. Қариб 2% ҳавои Зӯҳра аз нитроген ва газҳои инертӣ (хусусан аргон) иборат аст. Миқдори оксиген аз 0,1% ҳам камтар аст. Дигар газҳо СО, НС1, НҒ ва ғайра ба миқдори ночиз (камтар аз 0,01%) мавҷуданд. Дар баландиҳои 65— 70 км шамолҳои хеле сахт мевазанд; суръати онҳо то ба 360 км/соат (тӯфон) мерасад. Зӯҳра мисли Замани ионосфера дорад. Баландтарин қабатҳои атмосфераи Зӯҳра (то 5,5 ҳазоо км) асосан аз гидрогеи иборат аст.
Дар атмосфераи Миррих оксиген хеле кам аст (0,3%). Об ба намуди қабати тунуки барфреза як қисми ками кулоҳҳои қутбии Миррихро фаро гирифтааст.
Муштарӣ ва Зӯҳал кураҳои бузурги магнитонида буда, мағзи сахте доранд. Охирӣ аз ҷиҳати андоза
тақрибан ба Замин баробар буда, аммо аз вай дида зичтар аст. Атмосфераашои бошад, аз гидрогену гелий таркиб ёфтааст. (Таркиби атмосфераи дигар сайёраҳои азим низ ҳамин гуна аст.)
Дар Муштарӣ доғи сурхе намудор аст, ки гӯё ошӯби сиклонии атмосфера мебошад. Андозаҳои вай ба 14000X 35000 км баробар аст. Ҳозир дар сайёраҳои системам Офтоб 43 радиф ошкор шудааст. Замин 1-то, Миррих 2, Муштарӣ 14, Зуҳал 17, Уран 5, Нептун 3 ва Плутон 1 радиф доранд.
Зичии миёнаи моддаи сайёраҳои дохили аз зичии миёнаи моддаи сайёраҳои азим якчанд карат зиёд аст. Массаи сайёраҳои азим ниҳоят калон аст; дар қаъри онҳо фишор бонд хеле баланд бошад. Зичии миёнаи Аторуд хеле калон аст (5,52 г/см3). Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки мағзи (ядрои) он аз ҷиҳати зичӣ ба зичии оҳан баробар буда, қариб 60% массаи сайёраро ташкил мекунад. Зӯҳра аз рӯи андоза, масса ва зичии миёна аз Замин чандон фарқ намекунад ва эҳтимол мағзи он нисбат ба Замин аз оҳан бойтар бошад; массаи Миррих нисбат ба Замин даҳ бор хурдтар ва зичиаш 1,5 маротиба камтар мебошад. Гумон меравад, ки радиуси мағзи оҳанини Миррих қариб 1000 км буда, 5% массаи сайёраро дар бар мегирад. Радиуси Муштарӣ 70 850 км буда, массааш тақрибан ба 2-1037 кг мерасад. Дар дохили Муштарӣ мағзи сахти оҳану силикатии радиусаш 4000 км ҷойгир шу-дааст, ки ҳарораташ ба 30 000° С мерасад ва сабаби гармиафкании Муштарӣ мебошад. Муштарӣ манбаи пурқуввати радиоафканишоти ҳароратист; ғайр аз ин вай магнитосфераи бузургеро дорост. Зуҳал аз рӯи сохти дохилиаш ба Муштарӣ монанд аст, вале ҳалқааш калонтар аст. Бино ба маълумоти аз «Вояҷер-1» расида, ҳалқаи Зуҳал сохти мураккаб дошта, таркибан аз анбӯҳи садҳо ҳалҷаҳои тангу тунук иборат будаанд, ки ҷо- ҷо ба сони торҳои арғамчин ба ҳам печидаанд. Уран ва Нептун тақрибан якхел сохт доранд, ҳарораташон нисбатан паст аст. Эҳтимол мағзҳои онҳо нисбатан калон буда, аз омехтаи ях ва пайвастагиҳои гидроген, окси-ген, карбон, нитроген, сулфур ва ғайра иборат бошанд.
Дар бораи дуртарин сайёраи системаи Офтоб Плутон ҳанӯз маълумоти кофӣ дастрас нашудааст. Гумон меравад, ки дар паси Плутон низ сайёраҳои дигар ҳастанд. Macалан, аз рӯи таҳлили мадори кометаҳои даври чархзаниаш калон тахмин мекунанд, ки ҳеҷ набошад боз 5 сайёраи трансплутонӣ вуҷуд доранд; агар онҳо мавҷуд бошанд, нимтири калони мадорашон аз 53 то 285 в. а. дарозӣ дошта метавованд.
Масъалаи ташаккули сайёраҳо (аз ҷумла Замин) яке аз муҳимтарин ва мушкилтарин вазифаҳои илм аст. Назарияи космогоние, ки дар или нуфузи кофӣ пайдо кардан мехоҳад, бояд даставвал ба маънидоди хусусиятҳои зерини ҳаракати сайёраҳо бипардозад:
1)Мадорҳои сайёраҳо қариб дар як ҳамворие (эклиптика) хобидаанд, ки қариб ба ҳамворит экватори Офтоб рост меояд.
2)Ҳамаи сайёраҳо дар атрофи Офтоб ба самте ҳаракат мекунанд, ки ба самти чархзании Офтоб рост меояд.
3)Самти чархзании сайёраҳо (ба ғайр аз Зӯҳра ва Уран) дар атрофи меҳварашон бо самти даврзании онҳо дар атрофи Офтоб якхела аст.
4)Массаи Офтоб 99,86% массаи ҳамаи системаи Офтобро ташкил мекунад, аммо моменти миқдори ҳаракати он нисбат ба моменти миқдори ҳаракати Сайëраҳо хеле хурдаст (2%). Дар бобати пайдоиши сайёраҳо якчанд фарзия пешниҳод шудааст. Бино ба фарзияи олими советӣ О. Ю. Шмидт дар атрофи Офтоб як вақтҳо абри калону хунуки газу чанг давр мезад. Дар натиҷаи ба ҳамдигар бархӯрдан ҳиссачаҳои ин абр ба якдигар мечаспиданд ва мағзи сайёраҳои ояндаро ба вуҷуд меоварданд.
Ба қадри дар рӯи ин гуна мағзҳо ҷамъ шудани модда мадорҳои эллипсшакли онҳо торафт даврашакл гашта, худи сайёраҳои оянда дар масофаҳои муайян аз Офтоб ҷойгир мешуданд. Пас аз ин ҳангоми кости элементҳои радиоактивӣ дар натиҷаи ҷудо шудани гармӣ қаъри сайёраҳо (аз он чумла Замин) мунтазам гарм мешуд, ки ин боиси табиати вулқонӣ доштани Сайёра, дар онҳо пайдо шудани атмосфера, гидросфера ва ғайра мегардад. Масъалаи чӣ тавр дар атрофи Офтоб пайдо шудани абри газу чанг ҳоло зал нашудааст. Гумон меравад, ки ин абри газу чанг ҳангоми ташаккули Офтоб пайдо шудааст. Ниг. Низ Космогония.
Ад.: Брандт Дж. Ходж П„ Астрофизика солнечной системы, М., 1957; Бронштейн В. А., Планеты и их наблюдение, М., 1979.
П. Бобоҷонов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …