Маълумоти охирин

САЙДАК

САЙДАК, сайгак (Saiga talariса), як ҷонвари ҷуфтсумеро гӯянд, ки ба ковокшохҳо мансуб аст. Дарозии таваи
наринаашон то 140 см, қадаш то 80 см, вазнаш то 40 кг ва модинааш хурдтар аст. Биниаш дарози Хартумшакл. Шохаш зардтоб (дарозиаш қариб 40 см); модинааш бешох. Мӯи тахтапушташ зардча ва шикамаш сафед.

5918bff78594f

Дар Муғулистон, Xитойи Ғарбӣ, СССР (Кавкази Пеш, даштҳои Қалмоқ, соҳили чапи поёноби дарёи Волга, Казоқистон ва қисми шимолии Осиёи Миёна) вомехӯрад. Сайдакҳо асосан дар дашту нимбиёбонҳо пода-пода зиндагӣ мекунанд. Сайдак ҳайвони алафхӯр аст. Баҳорон ба тарафҳои Шимол кӯчида, зимистон боз Ҷануб бармегардад. Ниҳоят тез мдавад (72 км/c.). Дар зимистони сербарфу хунук бисёр нобуд мешавад. Моҳи декабр ба гуши омада, баъди 5 моҳ 2 бача мезояд. Сайдак аҳамияти саноатӣ дорад; пӯст ва гӯшташро истифода мебаранд. Аввали асри 20 саршумори Сайдак хеле кам шуда буд 344 ва аз соли 1919 шикори Сайдакро тамоман манъ карданд. Алҳол саршумори асос қариб ба 2 млн расидааст. Аз соли 1951 Сайдакро бо иҷозати махсус шикор мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …