Маълумоти охирин

САЙДАК

САЙДАК, сагайдак, садак, саадак (туркӣ), маҷмӯн аслиҳаи, ба ҷанговари савора, ки аз камону ғилоф ва тиру тиркаш иборат буда, ҳангоми юриш бо ҷилд (тохтуя) пӯшонида мешуд. Қабл аз ин вазифаи Сайдак горит (ҷилд ё ғилофи чӯбин) барои камон ва тир иҷро мекард. Горит асосан байни скифҳо охири асри 6 — аввали асри 3 то мелод вуҷуд дошт. Тасвири горит дар гулдони тиллоии скиф (аз қалъаи Кулоба, асри 4 то мелод) инъякос ёфтааст. Сайдак то асри 17 байни халқҳои турк, муғул, инчунин дар Рус, истифода мешуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …