Маълумоти охирин

САҶДА

САҶДА (арабӣ— сар фуруд овардан), 1) ҳангоми ибодат ба замин сар мондан. Ҳар мусулмон ҳангоми намоз хондан дар масҷид ва ё хона рӯя ҷойнамоз  (саҷҷода) рост истода, аввал ният мекунад ва баъд аз хондани сураҳои намоз ва рукӯъ дасту пешонӣ ба меҳроби ҷойнамоз мегузорад (охириро айнан Саҷда ё худ суҷуд меноманд). Як ракъати намоз бо Саҷдаи дуюм ба охир мерасад.

Саҷда кардан гоҳо ба маънои шукри неъмат низ меояд.

2) Номи сураи Қуръон аст, ки сӣ оят дорад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …