Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЙҚАЛДИҲӢ

САЙҚАЛДИҲӢ

САЙҚАЛДИҲӢ (аз арабӣ — ҷило додан), пардоз додани масолеҳ бo мақсади ҷилодор кардани oн ва то андозаҳои матлуб расонидани маснуот. Масмуоти металлиро – дар дастгоҳҳои сайқалдиҳӣ бo ёрии гирдаҳои нарми матоъпӯш, ки бo суръати калон чарх мезананд ва ё бo наворҳои тезҳаракате, ки ба сатҳашон хамараҳои сайқалдиҳанда мо¬лида шудааст, сайқал медиҳанд.

schlifovka

Дар баъзе мавридҳо Сайқалдиҳии электролитиро (бo ёрии электролиз) низ истифода мебарамд. М а с н у о т и ч ӯ б и ро бо роҳи ба сатҳи суфтан маснуот (ниг. Суфтагарӣ) молидани қабати зифти шаффоф (политура) на ба он додани ҷило (барои ин ба сатҳ оҳаки сайқалдиҳандаи дар спирт маҳлулшударо мемоланд) сайқал медиҳанд. Барои сайқал додани масолеҳи
с а н г ӣ аввал онро суфта мекунанд, сипас ба сатҳи маснуот муттасил хокаи маҳин (масалан, оксиди қалъагӣ) пош дода бо диски намадпӯши нарм молиш медиҳанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …