Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕН-СИМОН

СЕН-СИМОН

СЕНСИМОН (Saint Simon) Клод Анри де Рувруа  (17.10. 1760, Париж —19. 05. 1825, ҳамон ҷо), граф, мутафаккир, сотсиолог, сотсиалисти хаёлии франсавӣ. Сен – Симон чун офисери армияи франсави барои истиқлолияти мустамликаҳои Америкаи Шимолӣ дар ҷанги зидди Англия иштирок кардааст. Дар солҳои Револютсияи бузурги франсавӣ сарвати зиёд ғун кард, вале сонӣ қашшоқ шуд. Сен – Симон нуқтаи назари материалистони франсавиро маъқул медонист, ба деизм ва идеализм зид буд ва «физисизм», яъне омӯзиши табиатро ба онҳо муқобил мегузошт. Детерминизмро пурра эътироф намуда, инкишофи ҷамъияти инсонӣ ва қонуниятҳои таърихиро аз мавқеи он таъбир мекард. Бо вуҷуди масъалаҳои таърихро идеалистона фаҳмидани Сен -Симон, ғояи ӯ дар бораи объективӣ будани прогресси таърихӣ, мақоми моликият ва синфҳо дар инкишофи ҷамъият аҳамияти калон дошт. Асосноккунии зарурати таърихии барпо намудани ҷамъияти нав чун натиҷаи қонунии ҷамъияти пешина мақсади таълимоти сотсиологии Сен – Симон буд.

Асарҳои асосиаш: «Мактуби сокинн Женева ба ҳамзамон» (1802), «Очерки илмӣ дар бораи одам» (1813—1816), «Рисола дар бораи ҷозибаи умумиолам» (1813—1822), «Масеҳияти нав» (1825). Таълимоти Сен – Симон— яке аз манбаъҳои ғоявии сотсиализми илмист.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …