Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕНТ-ЭКЗЮПЕРИ

СЕНТ-ЭКЗЮПЕРИ

СЕНТЭКЗЮПЕРИ (Saint – Exupery) Антуан де (29. 06. 1900, Лион —31.07. 1944), нависандаи франсавӣ. Ашрофзода. Дар мактаби саноеи нафиса дарс хонд (1919—1921); дар хизмати ҳарбӣ (1921—1923) буд; пас аз ин дар завод кор кардааст. Соли 1926 лётчики гражданӣ; ҳамон сол ҳикояи аввалинаш «Лётчик»-ро навишт. Сардори аэродром дар Африкаи Шимолӣ (1927—1929), лётчик дар Америкаи Ҷанубӣ, Африка (1929—1931) ва лётчики озмоишгар (1933—34). Соли 1931 романи ӯ «Парвози шаб» ба табъ расид. Китоби Сент – Экзюпери «Сайёраи одамон» (1939) ба мукофоти Академияи Франсия ноил гардид. Дар асарҳои Сент – Экзюпери репортаж бо таҳлили шоиронаву файласуфона пайванд ёфтааст. Сент ба Иттифоқи Советӣ сафар карда, бо таваҷҷӯҳ ва эҳтироми хосе якчанд очерк таълиф кард. Репортажҳои аз Испания навиштааш (1937) бар зидди фашизм буданд. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—1945) Сент – Экзюпери ҳамчун лётчики ҳарбӣ дар фронт ҷангид. Баъди Франсияро ишғол кардани немисҳо (1940) ба Штатҳои Муттаҳидаи Амрико муҳоҷират намуд ва повестҳои «Лётчики ҳарбӣ» (1942), «Нома ба гаравгон»-ро (1943) офарид, ки дар адабиёти Ҳаракати муқобилат ҷои намоёнро ишғол мекунанд. Соли 1943 лётчики ҳарбӣ дар Африкаи Шимолӣ буд. 31 июли 1944 самолёти таҷассусии «Лайтнинг»-и Сент – Экзюпериро самолёти қиркунандаи фашистӣ зада афтонд. Сент – Экзюпери дар Баҳри Миёназамин ғарқ шуд. Афсонаи Сент – Экзюпери «Шоҳзодаи хурдсол» (1943; тарҷумаи тоҷикӣ 1985), ки манзуаш ҳаҷви ҳирс ва тақвияти муносибатҳои неки инсонист, машҳур аст. Китоби нотамоми Сент – Экзюпери «Қалъа» (нашраш 1948) силсилаи масалҳои ахлоқиро дарбар мегирад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …