Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САИДОВА Адолат

САИДОВА Адолат

САИДОВА Адолат (таваллудаш 22. 6. 1928, шаҳри Хуҷанд), пешқадами истеҳсолот, ветерани меҳнат, Қаҳрамони Меҳнати Сотмиалистӣ (1966). Аъзои КПСС аз соли 1956.
Солҳот 1943—1956 коргар ва аз соли 1956 сардори бригадаи истеҳсолии Комбинати консерви Ленинобод. Саидова дар кори консервбарорӣ саҳми калон дорад. Вакили Съезди 17-уми ПК Тоҷикистон, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 7—10). Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …