Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САИДОВ Шодӣ Саидович

САИДОВ Шодӣ Саидович

САИДОВ Шодӣ Саидович (таваллудаш 1. 5. 4948, деҳаи Мурутакои Ғарм), журналист, публитсист ва коркуни партиявӣ— ҷамъиятӣ. Соли 1936 ба Омӯзишгоҳи педагогии Ғарм дохил шуда, баъди хатми он солҳои 1939— 1944 дар мактаби ибтидоии pайони Шулмак (ҳоло посёлкаи Новободи райони Ғарм) муаллим шуда кор мекунад. Солҳои 1942—1945 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Баъди хизмати ҳарбӣ солҳои 1945— 1949 мудири шӯъбаи хоҷагии қишлоқ, 1949—1953 котиби масъули газетаи вилоятии «Болшевики Ғарм», 1953— 1954 мухбири махсуси газетаи «Тоҷикистони Советӣ». Баъди хатми Мактаби олии партиявии назди КМ КПСС солҳои 1957—1961 мудири шӯъбаи пропаганда ва котиби масъул, 1961—1964 ҷонишини мударрир, 1968—1973 муҳаррири газетат «Тоҷикистони советӣ». Солҳои 1964—1968 ҷонишини мудири шӯъбаи пропаганда ва агитатсияи КМ ПК Тоҷикистон Раиси Правленияи Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон (1968— 1974). Солҳои 1973—1985 раиси Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба кинематография. Аз соли 1985 дар нафақа. Муаллифи маҷмӯаи очеркҳои «Диловари Вахт» (’1973) ва «Зинаҳои умр» (1977). Аъзои КМ ПK Тоҷикистон (съездҳои 17—19, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 8—10). Бо ордени Вайрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …