Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САИДОВ Абдураҳмон

САИДОВ Абдураҳмон

САИДОВ Абдураҳмон (1910, Бухоро—1945), актёр ва режиссёри советии тоҷик. Артисти Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1939). Дар оилаи косиб таваллуд ёфтааст. Саидов 1930 аз кружоки драмавию мусиқии назди клуби озуқачиёни Бухоро ба нахустин Театри давлатии тоҷик -(ҳоло Театри драмаи ба номи А. Лоҳутӣ) омад. То вақти ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафтан дар ташаккул ва инкишофи драмаи мил¬ли ва театри касбии тоҷик фаъолона иштирок намуд. Истеъдод ва маҳорати ӯ хусусан дар ролҳои романти¬кӣ, қаҳрамонӣ, фоҷиавӣ ва мазҳакавӣ зоҳир мешавад. Беҳтарин образҳои офаридаи Саидов инҳоянд: Табиб («Ҳуҷум»-н В. Ян), Калаф («Маликаи Турандот»-и К. Готси), Платон Кречет (асари ҳамноми А. Корней¬чук), Фердинанд («Макр ва муҳаббат»-и Ф. Шиллер), Шодмон (асари ҳамноми С. Улуғзода), Сӯҳроб («Рус¬там ва Суҳроб»-и А. Пирмуҳаммадзода ва В. Волкенштейн) ва ғайра. Саидов беш¬тар симои қаҳрамолони ҷавонро офарида, дили тамошобинонро бо эҳтироси романтикӣ мерабуд. Актёр дили гарму пурҳарорат, ҳаракатҳои хушифода ва маданияти баланди нутқ дошт. Саидов дар санъати режиссу¬ра низ қувваозмоӣ намудааст. Нахустин кори режиссёрии ӯ «Балво»-и Д. Фурманов ва С. Поливанов буд. Сипас вай дар офаридани намоишномаҳои мазҳакавӣ муваффақияти калон ба даст овард. Дар спектаклҳои таҳиякардаи ӯ — «Майсара»-и Ҳ. Ҳакимзода ва «Арӯси панҷсӯма»-н М. Урдубодӣ анъанаҳои театри халқии тоҷик бо маданияти театри аврупоӣ эҷодкорона ба ҳам омадаанд.
Н. Нурҷонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …