Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САИДБЕКОВ Амиралӣ

САИДБЕКОВ Амиралӣ

САИДБЕКОВ Амиралӣ (1920, деҳаи Қалъаи Поёни ҳозира совхози «Сӯх», райони Риштони вилояти Фарғона —1945, шаҳри Прухнаи Чехосло¬вакия), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1945, баъди вафот), лейтенанти калони гвардия.
Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1942.
Пеш аз армия муаллим ва дпректори мактаб буд. Соли 1939 ӯро ба хизмати армияи советӣ даъват намуданд. Аз 23 нюни 1941 ба ҷанги зидди фашистон cap карда, дар фронтҳои Ҷанубӣ, Шимолии Кавказ, фронтҳои 1-ум ва 4-уми Украина ҷангид. Саидбеков командири ротаи тирандозии собиқ полки 325-уми тирандозии гвардиягии дивизияи 129-ум буд; 23 декабри 1944 дар деҳаи, Собранетс (Чехословакия) Соли якумин шуда ротаи худро ба пой хезонда, ба деҳа зада даромад. Ротаи Саидбеков 50 нафар гитлерчиро нобуд карда, 4 фашистро асир ва 5 туп, 25 милтиқу автоматро ғанимат гирифт. 8 марти 1945 душман дар деҳаи Дрогомисли Чехословакия ҳамаи биноҳои сангинро ба нуқтаҳои оташкушоии пулемёт табдил дода, ба аскарони мо таҳдид мекард. Саидбеков қувваҳои ротаашро моҳирона ҷо ба ҷо гузошта, нуқтаҳои оташкушоии пулемётро муҳосира намуд ва ду биноро ба даст даровард. Дертар ротаи ӯ боз чанд деҳаро аз фашистон озод намуд. Ӯ дар яке аЗ муҳорибаҳо сахт ярадор шу¬да, ҳалок гардид. Саидбеков бо орденҳои Ленин, Байраки Сурх ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.
И. Ҳусейнов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …