Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САИДАЛӢ МАЪМУР

САИДАЛӢ МАЪМУР

САИДАЛӢ МАЪМУР (фамиляаш Маъмуров; таваллудаш 28.12.1944, деҳаи Яккабоғи pайони Ӯротеппа), шоири советии тоҷик. Аз оилаи колхолчӣ. УДТ-ро хатм кардааст (1966). Муҳаррири калони Сарредаксияи адабн-драмавии Комитоти давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ (1966—1975), ҷонишини муҳаррири газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1975—1977), 1977—1981 директори Бюрои пропагандаи адабиёти бадеии ИН Тоҷикистон, 1981 -1983 ҷоиишини муҳаррири газетаи «Маданияти Тоҷикистон» (ҳозира «Адабиёт ва санъат») буд. Аз соли 1983 директори шӯъбаи Фонди адабии СССР дар Тоҷикистон. Ашъораш дар маҷм-ҳои «Заврақи умед» (1967), «Савганд» (1972), «Ҳамсолон» (1974), «Рози дарё» (1977), «Меҳвар» (1980), «Толеъ» (1981), «Рӯҳи баланд» (1983) ва «Сӯзанак» (1985) ба табъ расидааст. Корнамоии ҷанговарони советӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 —1945), меҳнати бунёдкоронаи халқ, васфи айёми хуши ҷавонӣ, ишқ ва ғайра аз мавзӯъҳои асосии эҷодиёти ӯ мебошанд.
Маҷмӯаҳои ашъори Саидалӣ Маъмур бо номи «Жажда» («Ташнагӣ»; 1977), «Зелё-ные ветры» («Насими баҳор»; 1982) ба забони русӣ дар Москва аз чоп ба-ромадаанд. Якчанд шеъри Саидалӣ Маъмур ба забонҳои англисӣ, немисӣ, франсавӣ, чехӣ, булгорӣ ва ғайра тарҷума шудаанд. Саидалӣ Маъмур ашъори шоирони ӯзбек, туркман ва ғайраро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Бо Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва Президиуми Совети Олии РСС Белоруссия мукофотонида шудааст. Ла¬уреати Мукофоти комсомоли ленинии Тоҷикистон (1978). Аз соли 1972 узви ИН СССР.
Ад.: Писатели Таджикистана, Д., 1981.
У. Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …