Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САИДҲУСАЙНИ НАСР

САИДҲУСАЙНИ НАСР

САИДҲУСАЙНИ НАСР (таваллудаш 1932. Теҳрон), муаррихи илму тамаддуни Шарқ. Доктори или (4958). Аъзои Академияи байкалхалқии таърихи илм ва чандин ташкилотҳои илмию ховаршиносии Европаю Америка. Баъди насби маълумоти миёна дар Теҳрон дар факултети физикам Институти технологии Массачусети ИМА таҳсил кард. Сонӣ дар қисмати заминшиносия Университети Ҳарвард таҳсилро идома дод ва ба омӯзишу тадқиқи таърихи илм машғул шуд. Солҳои 1958—1978 раиси донишкадаи адабиёт ва улуми ақлим Донишгоҳи Теҳрон. Муаллифи бештар аз дусад асар ва мақолаҳои илмӣ ба забонҳои форсӣ, англисӣ, франсавӣ, арабӣ ва дигар забонҳои европоӣ аст, ки дар боби омӯзишу тахқики афкори илмию фалсафии мутафаккирони асрҳои миёнаи Шарқ ва умуман тамаддуни Арабу Аҷам баҳс мекунанд. Узви фаъоли ҷамъияти собиқ «Институти Эрону фаронса» мебошад. Ба воситаи ҷамъияти мазкур нашри интиқодии осори олимон ва мутафаккирони Шарқ ва тарҷумаи баъзе асарҳои онҳоро ба роҳ мондааст. Саидҳусайни Наср инчунин дар нашри «Маҷмӯи донишҳои эронӣ» гаиркат варзидааст. Яке аз муаллифони асари сеҷилдаи «Таърихи фалсафаи муслимин» (нашри Висбаден, 1963—1966) аст.
Ac.: S. Н. Nasr. Science and civilirati- on in Islam. Harvard. 1967

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …