Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САИД ИБНИ УСМОН

САИД ИБНИ УСМОН

САИД ИБНИ УСМОН (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), ҳокими Хуросон (675—677) дар давраи Умавиён. Саид ибни Усмон соли 676 ба Бухоро ҳуҷум карда бо маликаи он сулҳ мебандад ва аз ӯ 80 касро ба гарав гирифта, ба Самарқанд меравад. Саид ибни Усмон қариб як моҳ кӯшид Самарқандро фатҳ кунад, вале натавонист. Ниҳоят бо (муҳофизони Самарқанд сулдҳбаста, ба Хуросон баргашт. Баъдтар бо 80 нафар асилзодагони суғдии гаравгон ба Мадина рафт. Балозурӣ менависад, ки Саид ибни Усмон дар Ма¬дина пӯшоки қиматбаҳои гаравгоиёни суғдиро кашида гирифта, сарулибоси дағали пашмин медиҳад ва онҳоро дар корҳот вазнини обёрӣ истифода мебарад. Суғдиён ба зулму ҷабр тоқат накарда, шабона ба қа- роргоҳи Саид ибни Усмон зада даромада, укро ба қатл расондагд ва баъд худро куштанд. Ин воқеаи таърихӣ дар по¬вести Сотим Улуғзода “Ривояти суғдӣ” инъикоси бадеӣ ёфтааст.
А. Ҷалилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …