Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САИД ФОИҚ

САИД ФОИҚ

САИД ФОИҚ (Пуррааш: Sait Faik Abasiyanik; 1907, ш. Абопазари —11. 5. 1954), нависандаи турк. Аз оилаи савдогар. Факултети адабиёти Университети Истанбулро хатм кардааст. Дар Швейсария (1931) ва Франсия (1931 —1935) низ хондааст. Забони туркиро дарс медод. Аввалин маҷмӯаи ҳикояҳояш — «Самовор» (1936). Муаллифи маҷмӯаҳои ҳикояҳои «Обанбор» (1939), «Одами нодаркор» (1948), «Қаҳвахонаи маҳалла» (1950), «Абри осмон» (1951), «Ширкат» (1951), «Дар сари ҳавз» (1952), «Паррандаҳои охиртн» (1952), «Камакак ши¬рин» (1954) ва романҳои «Муҳаррики гардиши айём» (1944), «Ҷустуҷӯи шахси мафқуд» (1953). Маҷм. «Аз зали суд» (1956) очерку репортаж¬ҳои дар газетаву журналҳо дарҷшударо дар бар гирифтааст. Нависаида дар асарҳои мавсур ва манзумаш (маҷм. «Айёми ишқ», 1953) ба мадди назар ҷаҳони мураккаби ботинии «одами хурд»-ро гузошта, дар тасвири он маҳорати баланд зоҳир кардааст. Ба эҷодиёти Саид Фоиқ А. дарки гуманистии ҷаҳон, таваҷҷӯҳ ба тасвири реалистии воқеият хос аст. Асарҳои ӯ як андоэа ранги им- прессионистӣ доранд. Саид Фоиқ А. дар тараққиёти насри ҳозираи турк, хусусан жанри ҳикоя ҳиссаи зиёд дорад.
Ад.: Алькаева Л., Бабаев А., Турецкая литература, М., 1967; А й э е н штейн Н. А., Саид Фаик и его новел¬лы, М., 1972.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …