Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / САҲРОИ КАБИРИ МАҒРИБ

САҲРОИ КАБИРИ МАҒРИБ

САҲРОИ КАБИРИ МАҒРИБ, сарзаминест дар шимоли ғарби Африка. Масоҳаташ 266 ҳазор км2. Аҳолиаш тақрибан 75 ҳазор нафар (1982 аз рӯи маълумоти Марокаш, мувофиқи маълумоти ПОЛИСАРИО  қариб 1 миллион нафар), асосан маврҳо, арабҳо ва барбарҳои бодиянишин. Забони расмӣ — арабӣ. Дини асосӣ — ислом. Маркази маъмуриаш Ал-Аюн (қариб 50 ҳазор нафар, 1982). Ба 2 минтақа — Ҷанубӣ (Рио- де-Оро) ва Шимолӣ (Сигиет-ал-Ҳамра) тақсим шудааст. Оатҳаш биёбони ҳамвор. Иқлимаш хушки тропикӣ. Дар асрҳои миёна С. К. М. ба ҳайати дашлатҳои гуногуни шим. ғар- бц Афркка дохил буд, Аз с-ҳои 80 а. 19— мудки Иопания. С. 1973 дар С. К. М. Фронти халқии озодии Сегиет- ал-Ҳамра ва Рио-де Оро (фронти ПОЛИОАРИО) таъсис ёфт, ки барои истиқлолият мубориза мебарад. Феврали 1976 мувофиқи созишномаи байни Испания, Марокаш ва Мавритания (1975) ва қарорҳои Ассамблеяи Генералии ТДМ оид ба Саҳрои Кабири Мағриб Испания ҳокимиятро расман ба намояндагони дар Саҳрои Кабири Мағриб будаи Марокаш ва Мавритания супурд (соли 1979 Мавритания аз ин сарзамин ва дигар даъвоҳо даст кашида, қӯшун ва маъмурияти худро аз Саҳрои Кабири Мағриб баровард). Соли 4976 ПОЛИАРИО таъсис ёфтлни Реопубликаи Демократии Араби Саҳрои Кабирро эълон памуд. То 1 январи 1984 Республикаи Демократии Саҳрои Кабирро 55 давлат эътироф кард. Асоси иқтисодиёт чорводории бодиянишинист (уштур қариб 54 ҳазор, гӯсфанд беш аз 23 ҳазор, буз қариб 55 ҳазор, аввали 1982). Фосфорит ва намаксанг истихроҷ мекунанд. Дар воҳаҳо норҷил мепарваранд. Аз уқёнуси Атлантик моҳӣ мегиранд. Воҳиди пул — песета.

 

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …