Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САХОВАТ

САХОВАТ

САХОВАТ (арабӣ — кушодадастӣ, ҳимматбаландӣ, каримӣ), як навъ сифати ахлоқиест, ки истифодаи оқилонаю беғарази дороии шахсро нисбат ба дигарон ифода мекунад. Мутафаккирони асрҳои миёнаи Шарқ дар афкори ахлоқии худ одамонро ба саховатмандӣ даъват намуда, образҳои намунавӣ (ба мисли Ҳотами Той) эҷод кардаанд. Ҳусайн Воизи Кошифӣ Саховатро сабаби некномӣ ва са- хиро дӯстдори халқ шуморидааст. Карам, исор, авф, мурувват, мувосат, салоҳат ва мусомиҳат нишонаҳои саховатанд. М. Мирбобоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …