Маълумоти охирин

САҲЛИ МУМТАНЕ

САҲЛИ  МУМТАНЕ (арабӣ— осони номумкин), дар адабиётшиносӣ «шеъреро гуянд, ки гуфтани он саҳлу осон намояд, аммо мисли он натавон гуфт ё гуфтан душвор бошад» (Атоулло Маҳмуди Ҳусайнӣ, «Бадоеъ-ус-саноеъ»). Саҳли мумтане баҳои олитарин аст ба сифати асари бадеӣ. Ҳамон шеъре ба ин баҳо сазовор шуда метавонад, ки тамоми унсурҳои таркибии он — интихоби мавзӯъ ва ҳалли он, жанр ва методу сабки бадеӣ, образҳо, санъатҳои бадеӣ, вазну қофия ва ғайра бо ҳамдигар дар таносуби нозуку устуворе воқеъ гардида бошанд. Асарҳое, ки лоиқи Саҳли мумтане номидан мебошанд, ба туфайли арзиши баланди эстетикиашон «умри ҷовидона» пайдо мекунанд. Хонанда тавассути чунин асар моҳияти ҳолату воқеотро хубтар дарк менамояд ва аз таровату назокати сухани шоир лаззат мебарад.

Осори бадеии устодони сухан — классикони адабиётро Саҳли мумтане метавон номид. Устод Аинӣ осори Рӯдакиро «бисёр содда ва табиӣ», «бисёр лаззатбахш ва ҳаяҷоновар» шумурда, таъқид мекунад, ки «агар мо шеърҳои Рӯдакиро «саҳли мумтанеъ» гӯем, мувофиқ меояд». Аксар ашъори Саъдӣ ва Ҷомӣ низ намунаи Саҳли мумтане мебошанд. С. Айнӣ ғазали «Ёр аз дили ман хабар надорад»-и Лоҳути- ро «саҳли мумтанеъ» номидааст.                                                                   Р. Мусулмонқулов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …