Маълумоти охирин

САҲБО

САҲБО  шоир ва мударриси тоҷик. Дар нимаи дуюми асри 19— аввали асри 20 умр ба сар бурдааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш — Миёнколи Самарқанд гирифта, баъдан дар Бухоро таҳсилро идома додааст. Пас аз хатми таҳсил то охири умр дар мадрасаҳои Бухоро мударрисӣ кардааст. Аз ашъори Саҳбо чанд ғазал ва байтҳои пароканда дар тазкираҳо ва баёзҳо боқӣ мондаанд. Дар ашъораш ишқу ошиқиро тараннум намуда, бисъёр масъалаҳои панду ахлоқӣ ва ирфониро тарғиб кардааст. Ин байтҳо намунае аз эҷодиёти Саҳбо мебошанд:

 

Чу меҳр он ҳусни якто то ба доругир меояд.

Нигоҳ аз дида то мижгон ба сад шабгир меояд.

Тааллуқ кист, то гирад инони ваҳшати моро,

Садои фатҳи боб аз нолаи занҷир меояд.

Зи гармоҳангии сози чучуни мо чӣ мепурсӣ?

Забони хомаи ушшоқ оташгир меояд!

М. Ҷалилова.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …