Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / САҲБО Мирзоҳаит

САҲБО Мирзоҳаит

САҲБО Мирзоҳаит (тақрибан 1850, Вобканди вилояти Бухоро—1918, Қубодиён), шоири тоҷик. Дар давраи амир Абдулаҳад ба хидмати дарбор ҷалб гардида, унвони «тӯқсабо» ва «бӣ» гирифта буд. Азбаски Саҳбо шоири ҳақгӯ буда, аз нуқсонҳои аморат бепарда сухан меронд, амир ба мақсади аз пойтахт дур кардан ӯро ҳокими Қарабор таъин мекунад. Вале Саҳбо аз ин вазифа истеъфо дода, ба шаҳр бармегардад ва гӯшанишинӣ ихтиёр мекунад. Соли 1915 барои газетахонеӣ ва аз золимии амалдорони амир шикоят карданаш Саҳбо аз тарафи қушбегӣ истинтоқ мешавад. Баъд аз ҷадидкушӣ (апрели 1917) амир аз Саҳбо хавф бурда, бо баҳонаи ҳоким таъин кардан ӯро ба Қубодиён мефиристад ва аз паси ӯ додарарӯси худ—Давронбекро ҳокими Қубодиён таъин намуда, пинҳонӣ ба нест кардани Саҳбо фармон медиҳад. Соли 1918 Саҳбо ба дасти одамони амир ваҳшиёна кушта шуд. Ашъори Саҳбо дар баёзу тазкираҳои ибтидои асри 20 ва дар дасти шахсони ҷудогона пароканда аст. Саҳбо шоири лирик буда, ғазалҳову мухаммасҳояш бо эҳсоси баланд суруда шудаанд. Якчанд ғазали Саҳбо ба репертуари ҳофизон дохил гардидааст. Ғазали машҳури Саҳбо «Гуфт: ба мо чӣ…» ҳоло ҳам аз тарафи ҳофизони касбии тоҷик суруда мешавад.
Осор: Ғазалҳо, «Садои Шарқ», 1975, № 2. С. Алиев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …