Маълумоти охирин
Главная / Биология / САХАРОЗА

САХАРОЗА

САХАРОЗА, қанди найшакар ё лаблабу, яке аз муҳимтарин дисахаридҳост, ки дар ҳамаи растаниҳои фотосинтезкунанда мавҷуд аст. Моддаи кристаллии беранги дар об ҳалшаванда; I гудозиш 185—186*Селсия. Аз таъсири кислота ба осонӣ гидролиз шуда глюкоза ва фруктоза ҳосил мекунад. Сахароза аз ҷумлаи карбогидратҳоест, ки ба хубӣ дар растаниҳо ҳазм мешаванд; карбогидратҳои дар натиҷаи фотосинтез ҳосилшуда маҳз дар шакли Сахароза аз барг ба тухм, реша, лундаҳо ва пиёзак тақсим мешаванд ва дар ин узвҳо бо осонӣ ба крахмал ё инсулин табдил меёбанд.

saharoza
Дар аҳди қадим Сахарозаро дар Ҳиндустон, Хитой, Миср аз шираи найшакар ҳосил мекарданд. Алҳол манбаи асосии Сахароза дар мамлакатҳои минтақаи мӯътадил лаблабӯи қанд мебошад. Сахароза дар саноати хӯрокворӣ ва микробиологӣ васеъ истифода мешавад. Аз он спирти этил ва спиртҳои дигар, асетон, кислотаи сирко ва дигар маҳсулот мегиранд. Дар урфият Сахарозаро қанд мегӯянд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …