Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САФОРАТИ НЕГРӢ

САФОРАТИ НЕГРӢ

САФОРАТИ НЕГРӢ, миссияи давлати Россия ба Бухоро, ки 3 июни 1820 бо роҳбарии маслиҳатчии калони сафоратхонаи Россия дар Эрон А. Ф. Негри 1784—1854) фиристода шуда буд. Ба ҳайати сафирон полковник А. К. Мейендорф, палеоптолог X. Г. Пандер, зоолог ва ботаник Э. А. Эверсман, топографҳо Волховский ва Тимофеов, тарҷумон Яковлев ва дигар дохил мешуданд. Вазифаи асосии сафорат ба тартиб даровардали миқдори боҷгирӣ аз савдогарони рус дар ҳудуди аморати Бухоро ва озод намудани асирони рус буд. Сафирон 20 декабри 1820 ба Бухоро омада, 23 марти 1821 ба Россия баргаштанд. Дар давоми сафорат ягон шартнома ба имзо нарасид. Гарчанде ин миссия натиҷае надода бошад ҳам, барои дар оянда ривоҷ ёфтани алоқаҳои тиҷоратии байни Россияи подшоҳӣ ва аморати Бухоро замина гузошт. Аъзоёни сафорат А. К. Мейендорф ва Э. А. Эверсман дар асоси хотироти худ роҷеъ ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, тарзи зиндагӣ ва олами набототу ҳайвоноти Осиёи Миёна асарҳои илмӣ навиштаанд.

Адабиёт: История таджикского народа, том 2, книга 2, Москва. 1964. Ш. Юсуфов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …