Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САФОЛИТЕППА

САФОЛИТЕППА

САФОЛИТЕППА, бошишгоҳи асри биринҷӣ (ҳазораи 2 то милод) дар территорияи ҳозираи райони Гагарини вилояти Сурхон- дарёи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон. Соли 1968 бостоншиноси советӣ Л. И. Албаум кашф кард. Солҳои 1969—1974 бостоишиноси ӯзбек А. А. Аскаров тадқиқ намуд. Масоҳати умумии бошишгоҳ тақрибан 4 гектар. Дар маркази он қалъаи чоркунҷа (80 Х80 метр2) воқеъ аст. Қалъа пурра кушода шуд. Дар Сафолитеппа қабати маскун хеле бад боқӣ мондааст. Иншооти мудофиавии қалъа хеле мураккаб буда аз 3 қатор девори ғафс иборат аст. Девори якум қалъаро аз дохил иҳота кардааст. Аз беруни чаҳор тарафи он дутоӣ хонаҳои дарози долонмонанди росткунҷа бунёд гардида, аз тарафи қалъа даромадгоҳ доранд. Ҷои холии байни девори дохилӣ ваби- ноҳои долоншаклро бо ду қатор деворҳо ба 8 қисм ҷудо карданд, ки дар натиҷа байни деворҳо гузаргоҳ ба вуҷуд омадааст. Таърихи сохтмони қалъа ба се давра тақсим мешавад. Дар давраи аввал иншоотн мудофиавӣ бунёд гардида, дар давраи дуюм дар ҷойҳои холии байни маҳаллаҳо биноҳои нав сохта шудаанд. Дар давраи сеюм маҳаллаҳо васеъ шуда, дар ҷои харобаи биноҳои кӯҳна иморатҳои нав ба вуҷуд омаданд.
Комплекси иқоматгоҳҳои Сафолитеппа аз биноҳои як, ду ва се хонагӣ (иқоматӣ, хоҷагӣ ва истеҳсолӣ) иборат буда, оташдон (мӯридор ва бемӯрӣ) доранд.
Асоси иқтисодиёти аҳолии Сафолитеппаро деҳқонӣ ва чорводорӣ ташкил мекард. Дар бошишгоҳ кулолӣ низ инкишоф ёфта буд. Қариб дар ҳар маҳалла хумдони сафолӣ ёфт шудааст. Бостоншиносон дар Сафолитеппа 138 қабр кушоданд, ки аксарияти онҳо аз зери фарши биноҳои иқоматӣ, зери девори иншооти мудофиавию долон ёфт шуданд. Қабрҳои Сафолитеппа мағокианд. Дар баъзе ҳолатҳо майитро дар чуқурии оддӣ дафн кардаанд. Майитҳо бо дасту пои қат, якпаҳлу (мардҳо ба паҳлӯи рост, занҳо ба паҳлуи чап), сарашон дар тарафи шамол хобидаанд. Аҳолии Сафолитеппа аз ҷиҳати антропологӣ ба шохаи маҳаллии нажоди баҳримиёназаминӣ тааллуқ доштаанд. Аз қабрҳо зарфҳо, асбоби аёну зинат, рӯзгор ва олоти меҳнат ёфт шудаанд. Дар натиҷаи ҳафриёт маъ- лум гардид, ки маданияти Сафолитеппа бо маданияти давраи биринҷии Туркманистон (Намозгоҳтеппа V ва VI), Афғонистон (Мундигак VI), Эрон (Ҳисор III, Шаҳри Сохта) робитаи наздик доштааст. Маданияти Сафолитеппа дар бораи дар чоряки дуюми ҳазораи 2 то милод дар Осиёи Миёна интишор ёфтани маданияти шаҳрҳои Шарқи Қадим шаҳодат медиҳад.
Адабиёт: Аскаров А., Сапаллитепа, Ташкент, 1973; Д о д ж а е в Т. К., Антропологический состав населения эпохи бронзы Сапаллитепа, Ташкент, 1977. Л. Т. Пянкова.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …