Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САФОЛАКИ БОМПУШӢ

САФОЛАКИ БОМПУШӢ

САФОЛАКИ БОМПУШӢ, масолеҳи бинокориест, ки аз гили пухта, омехтаи регу семент ва регу оҳак тайёр мекунанд. Сафолаки бомпӯшӣ гилӣ, сементӣ ва силикатӣ (вобаста ба масолеҳ), мавҷ- монанд ва ҳамвор (вобаста ба шакл ва усули прессонӣ) мешавад. Баъзаш Сафолаки бомпӯширо рангубор дода, барои ориши бино ҳам истифода мебаранд, Мустаҳкамӣ, оташбардорӣ, сардибардорӣ, обногузарӣ ва камхарҷӣ (таъмири давриро талаб намекунад) аз барта- риҳои Сафолаки бомпӯшӣ ба ҳисоб мераванд. Ба бо ин ҳама Сафолаки бомпӯшӣ нисбатан вазнин ва мӯрт аст. Ғафсии Сафолаки бомпӯшӣ одатан 8—12 миллиметр буда, 1 метр2 сатҳи бомро бо 15—16 дона сафолаки мавҷмонанд ё 36 дона сафолаки ҳамвор метавон пушонид. Устувории сафолакҳои мавҷмонанд ба вазни онҳо вобаста аст. Сафолакҳоро аз масолеҳи бинокории маҳаллӣ тайёр мекунанд.
И. Ғ. Тоҳиров, А. У. Абдуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …