Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САФОЛАК

САФОЛАК

САФОЛАК, сатҳи сахту хушкидаи хокро гӯянд, ки ғафсиаш то 3 сантиметр аст. Сафолак аксар аз таъсири механикии боришот (борони дарозмуддат, жола ва ғайра), вайроншавии таркиби хок, инчунин баъди обкушоии хоки дар зимистон яхкарда пайдо мешавад. Дар Сафолак бухоршавии намии замини корам шиддат меёбад, ба хок дохилшавии оби боришот душвор гашта, мубодилаи газии байни хоку ҳаво суст мешавад. Сафолаке, ки баъди кишт ба вуҷуд меояд, рушди растаниро душвор гардонида, боиси камҳосилӣ ва баъзаи нобудшавии ҳосил мегардад.
Чораҳои пешгирӣ: сихмолаю култивасия кардан, истифодаи нуриҳои минералӣ, сидерат, обёрии химиявӣ, кишти алафҳои бисёрсола ва ғайра.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …