Главная / Гуногун / САФОЕВ Солеҳҷон

САФОЕВ Солеҳҷон

САФОЕВ Солеҳҷон (таваллуд 1900, деҳаи Самсолиқи Қаротегин), яке аз иштирокчиёни фаъоли ҷанги гражданӣ иштирокчии Револютсияи Бухоро. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1923. Аз 12- солагӣ дар заводи пахтаи Хӯқанд кор кардааст. Баробари сар шудани Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—1918) ба корҳои ақибгоқ ба ” Белоруссия даъват шуд. Сафоев Револютсияи феврали 1917-ро дар Петроград, Револютсияи Октябрро дар Москва пешвоз гирифт. Ба Баталони 1-уми коммунистии тотору бошқирд ихтиёрон дохил шуд. Дар Фронти шарқӣ, дар ҳайати дивизияи 49-ум ва баъд дар дивизияи 25-уми машҳури Чапаев (1919) ҷангид. Баъд ба курсҳои ҳарбию сиёсӣ фиристода шуд. Соли 1920 дар Хоразм кор карда, баъд дар полки шарқии 1-уми Бухоро роҳбари сиёсии рота шуд. Дар Револютсияи Бухоро (1920) бевосита иштирок кард ъа дар ҳайати Экспедисияи ҳарбию сиёсии Ҳисор, дар барпо ва мустақкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Бухорои Шарқӣ, солҳои 1921—1924 дар нест кардани дастаҳои босмачиёни Бухорои Шарқӣ иштирок намуд. Баъди торумор шудани босмачиён ва таҳсил дар Университети коммунистии Осиёи Миёна (1926 —27) дар органҳои партиявӣ, советӣ ва хоҷагии республика кор кард. Аз аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар мудофиаи Москва. Сталинград иштирок намуда, то Берлин рафт. Бо 3 медал мукофотонида шудааст.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …