САФОӢ

САФОӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик. Дар охири асри 15— нимаи аввали асри 16 умр ба сар бурдааст. Аз оилаи ҳунарманд. Аслан аз Кирмон буда, дар овони ҷавонӣ ҳамроҳи падараш ба Ҳирот омадааст. Бино ба маълумоти Нисорӣ («Музаккир-ул-аҳбоб») Сафоӣ дар шоирӣ табъи баланд доштааст. Ӯ дар сурудани ғазал, қитъа, муаммо ва ғайра маҳорати баланд дошта, дар мавзӯъҳои анъанавии адабиёти форс- тоҷик, махсусан ишқ, ҳасби ҳол ва ғайра асарҳо офаридааст. Намунаи ғазалиёт ва муаммоҳои Сафоӣ дар тазкира ва баёзҳо сабт гардидаанд. Абёти зерин намунае аз эҷодиёти Сафоӣ мебошад:
Лайлӣ на гиреҳ бар сари он зулфи сияҳ дошт,
Буд он дили Маҷнун, ки ба занҷир нигаҳ дошт.
Он шаб, ки гиреҳ аз шикани зулф кушодӣ,
То рӯз сабо ғолия дар домани маҳ дошт…
…Сина чӣ шикофӣ паи озори дили ман,
Пайкони ту чун дар дили вайроншуда раҳ дошт.
Чун куштаи теғи ситамаш нек ниҳонанд,
Аз хуни Сафоӣ, ки гузаштӣ, чӣ гунаҳ дошт?
Т. Бойматова.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САҚАНКӮР

САҚАНКӮР, нигаред Самандар.