Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САФО Забеқуллоқ

САФО Забеқуллоқ

САФО Забеқуллоқ (таваллуд 1911, деҳаи Шоҳмирзоди Симнон), адабиётшиноси эронӣ. Таълимотӣ ӣбтидоӣ ва миёнаро дар зодгоҳаш ва Бобул гирифта, Донишкадаи Теҳронро хатм намудааст. Дар донишкада Сафо рисолаи «Ҳамосасароӣ дар Эрон»-ро навишта, соҳиби унвони доктори илми адабиёт гардид ва дар ҳамин до- нишкада ба сифати муаллими адабиёт ба кор машғул шуд. Ӯ фаъ- олияти илмию адабиашро аз аввали солҳои 30 сар кардааст. Нахустин мақолаҳои илмӣ ва шеърҳояш дар маҷаллаву рӯзномаҳои «Меҳр», «Эрони имрӯз», «Таълим ва тарбият» мунташир шудаанд. Солҳои 40 дар таъсиси маҷаллаи илмиву адабии «Сухан» (1943) фаъолона иштирок карда, вазифаи сармуҳаррири онро ба уҳда дошт. Муҳимтарин асари тадқиқотии Сафо «Таърихи адабиёт дар Эрон» ме- бошад, ки муаллиф барои таълифи ин асар беш аз 20 соли умрашро сарф кардааст. То кунун се ҷилди ин асар нашр шудааст, ки дар он материалҳои зиёде доир ба таърихи адабиёти форс-тоҷик гирд оварда шудаанд. Тадқиқоти муқимми дигари Сафо «Таърихи улуми ақлӣ дар тамаддуни исломӣ то авосити қарни панҷуми ҳиҷрӣ» (1953), «.Мухтасар дар таърихи таҳаввули назм ва насри порсӣ» (1952), «Ганҷи сухан» (хрестоматия иборат аз 3 ҷилд, назм), «Ганҷинаи сухан» (ҳрестоматия иборат аз 4 ҷилд, наср) мебошанд. Ба ғайр аз асарҳои илмию тадқиқоти дар маҷадлаву рӯзномаҳо ва тазкираҳо бисёр шеърҳои Сафо ба табъ расидаанд. “Ӯ ашъори худро бо сабку услуби шеъри классикӣ эҷод кардааст. Сафо бо тарҷума низ машғул шуда, баъзе асарҳои шоир ва публисисти франсавӣ Ламартинро ба забони форсӣ гардондааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …