Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САФИУДДИНИ НУРБАХШ

САФИУДДИНИ НУРБАХШ

САФИУДДИНИ НУРБАХШ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик. Дар охири асри 15 ва нимаи аввали асри 16 умр ба сар бурдааст. Дар зодгоҳаш — шаҳри Рай ба омӯзиши илмҳои расмии замон пардохтааст. Ӯ пайрави тариқаи тасаввуфии нурбахшия буд. Дар тазкираҳои «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Нисорӣ, Тӯҳфаи Сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ ва ғайра ҳамчун шоири хушзеҳну хуштабъ зикр шудааст. Дар девони ашъораш, ки худи ӯ мураттаб кардааст, навъҳои гуногуни шеър — ғазал, қасида, рубоӣ ва ғайра мавҷуданд. Ашъори боқимондаи Сафиудини Нурбахш, ки ба воситаи тазкираҳо то замони мо расидаанд, мавзӯъҳои ишқӣ, тасаввуфӣ, панду насиҳат, ҳасби ҳол ва ғайрародар бар мегиранд. Абёти зерии намунае аз эҷодиёти Сафиуддини Нурбахш мебошанд: Ҳаргиз дили ҳеҷ кас маёзор, Сафӣ,
То битвонӣ диле ба даст ор, Сафӣ.
Сарриштаи кори худ нигаҳ дор, Сафӣ,
Зинҳор Сафӣ, ҳазор зинҳор, Сафӣ!
Хуш он рӯзе, ки дашноми мани бадном медодӣ,
Дуо ҳарчанд мекардам, маро дашном медодӣ.
Адабиёт: Т. Бойматова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …