САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд:
Аспи ман дар шаб давом ҳамчун сафина дар халиҷ,
Ман бар ӯ собит чунон чун бодбон андар суфун.
2) дафтари шеър, баёз, маҷмӯаи ашъор ва ғайра: Чунончи, Ҳофиз гуфтааст:
Дар ин замона рафиқе, ки холӣ аз халал аст,
Сурохии маи нобу сафинаи ғазал аст.

book-1

Чун тазкираҳо, баёзҳо, радоифулашъорҳо дар маҳфуз доштани ашъори шоирон Сафинаҳо аҳамияти калон доранд. Яке аз Сафинаҳои машқур «Сафина»-ест, ки Соиби Табрезӣ соли 1724 тартиб додааст. Дар он ашъори тақрибан 500 шоири Эрон, Ҳиндустон, Осиёи Миёна, аз девонҳо ва дастнависҳое ҷамъоварӣ шудаанд, ки нисбат ба девону дастнависҳои то замони мо расида мӯътабаранд. Қимати «Сафина»-и Соиб боз дар он аст, ки мураттиб ашъори шоирони мутақаддими форс-тоҷик Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Қатрон, Рашидии Самарқандӣ, Кисоии Марвазӣ ва дигарро дарҷ кардааст.
Адабиёт: Ворожейкина 3. Н., Описание персидских и таджикских рукописей Института востоковедения, век 7. Персо- язычная художественная литература (X — начало XIII века.), Москва 1980.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САТО

САТО, асбоби мусиқии торист, ки бо камонча менавозанд. Сато дар байни тоҷикои, ӯзбекҳо, эрониён, афғонҳо …