Главная / Биология / САФЕДОР

САФЕДОР

safedor

САФЕДОР (Рори1из), ҷинси дарахтест аз оилаи бедҳо. Баргаш дандонадор ё бедандонаи гуногуншакл (дилшакл, байзашакл, гурдашакл, паррашакл ва ғайра); гулаш майдаи якҷинса (баъзан дуҷинса), хӯшагулаш «гӯшворак», пеш аз баргбарорӣ мешукуфад, шамол гардолуд мекунад. Ғӯзааш 2-4-паллаи сертухм, тухмаш майда (дарозиаш 1—3 миллиметр), дар нӯгаш пати пахтамонанд дорад. Дар дунё 45—50 намуди Сафедор мерӯяд. Бештар дар дарёбоди туғайзор ва бешаи кӯҳсор месабзад. Бино ба маълумоти проф. В. И. Запрягаева дар Помиру Олой 9 намуди Сафедор ҳаст. Дар Тоҷикистон ғайр аз намудҳои худрӯи Сафедоре, ки дар туғай, ҷангали кӯҳсору водӣ ва баъзан дар бешаи паҳнбарг месабзанд (нигаред, Рим, Туранға), инчунин навъу намудҳом боғии Сафедор (масалан, аръар, кабуда ва ғайра) бисёранд. Сафедор тезсабз аст ва дар бешадорӣ, сабзкорӣ, бинокорӣ, аҳамияти калон дорад. Баъзе намудҳои Сафедор (масалан, тӯранға)-ро барои мустаҳкам кардани регзор ва соҳили дарёҳо истифода мебаранд.
Адабиёт: Флора Таджикской Советской Социалистической Республики. том 3, Ленинград, 1908; Запрягаева В. И., Лесные ре- сурсы Памиро-Алая, Ленинград, 1976. А. Ашуров.
(Рори1из), ҷинси дарахтест аз оилаи бедҳо. Баргаш дандонадор ё бедандонаи гуногуншакл (дилшакл, байзашакл, гурдашакл, паррашакл ва ғайра); гулаш майдаи якҷинса (баъзан дуҷинса), хӯшагулаш «гӯшворак», пеш аз баргбарорӣ мешукуфад, шамол гардолуд мекунад. Ғӯзааш 2-4-паллаи сертухм, тухмаш майда (дарозиаш 1—3 миллиметр), дар нӯгаш пати пахтамонанд дорад. Дар дунё 45—50 намуди Сафедор мерӯяд. Бештар дар дарёбоди туғайзор ва бешаи кӯҳсор месабзад. Бино ба маълумоти проф. В. И. Запрягаева дар Помиру Олой 9 намуди Сафедор ҳаст. Дар Тоҷикистон ғайр аз намудҳои худрӯи Сафедоре, ки дар туғай, ҷангали кӯҳсору водӣ ва баъзан дар бешаи паҳнбарг месабзанд (нигаред, Рим, Туранға), инчунин навъу намудҳом боғии Сафедор (масалан, аръар, кабуда ва ғайра) бисёранд. Сафедор тезсабз аст ва дар бешадорӣ, сабзкорӣ, бинокорӣ, аҳамияти калон дорад. Баъзе намудҳои Сафедор (масалан, тӯранға)-ро барои мустаҳкам кардани регзор ва соҳили дарёҳо истифода мебаранд.
Адабиёт: Флора Таджикской Советской Социалистической Республики. том 3, Ленинград, 1908; Запрягаева В. И., Лесные ре- сурсы Памиро-Алая, Ленинград, 1976. А. Ашуров.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАҲО

САФЕДАҲО, протеинҳо, моддаҳои органикии калонмолекулаи табииеро гӯинд, ки аз аминокислотаҳо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …