Маълумоти охирин
Главная / Биология / САФЕДМУРУД

САФЕДМУРУД

САФЕДМУРУД, як навъ муруди маҳаллӣ. Дарахташ сершоху сербарг, то 10—19 метр қад мекашад. Пӯстлохи танаву шохҳояш хокистарӣ; баргаш калон (дарозиаш 7—8 сантиметр, бараш 5—6,5 сантиметр), дилшакл, дандонадор; мевааш миёна (вазни як донааш 55—61грамм), пӯсташ нисбатан тунуки зардтоб, мағзаш Сафедтоб, камоб, хушбӯй, ширин ё нордон, то 9,85% қанд, 0,15 —0,16% ҷавҳар, 120 мг% витамини С дорад.

murud

Аввали сентябр ва охирҳои октябр мепазад. Дер намепояд. Тар ва хушконида истеъмол мекунанд. Як бехи 50-солаи Сафедмуруд то 280—300 (баъзан 850— 900) килограмм ҳосил медиҳад. Ниҳоли 6—7- солаи он ба ҳосил медарояд. Бо роҳи пайванд зиёд мекунанд. Сафедмурудро дар бисёр хоҷагиҳои Ғарм, Ҷиргатол ва Комсомолобод мепарваранд. .
Адабиёт: Қосимов Мм Навъҳои маҳаллии муруду нокҳо, Душанбе, 1971.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …