САФЕДҶОМАГОН пайравон ва тарафдорони Муқннаъ. Муқаннаъ бар зидди аломати давлатии Аббосиён (яъне сиёҳпӯшӣ) та- рафдорон ва пайравони худро фармуд, ки ҷомаҳои сафед пӯшанд ва баъди ин ҳамаи тарафдорони Муқаннаъ- ҷомаҳои сафед дар бар доштанд ва ба ҳамин сабаб дар таърих номи расмии пайравони Муқаннаъ Сафедҷомагон шуда монд.
Адабиёт: А й н ӣ С., Куллиёт, Ҷилди 12, Душанбе, 1976. У. Тоиров.
Инчунин кобед
Сулолаи САФФОРИЁН
САФФОРИЁН, сулолаи амирони эронӣ (861—900), ки дар пароканда шудани хилофати Аббосиён ва озод кардани Эрон …