Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САФАРЗОДА Ғоиб

САФАРЗОДА Ғоиб

САФАРЗОДА Ғоиб (20. 2. 1940, деҳаи Муллоҷони райони Восеъ, вилояти Кӯлоб —19. 7. 1972 қишлоқи Кадучӣ, ҳамон район), шоири советии тоҷик. Аз оилаи колхозчӣ. Пас аз хатми Институти давлатии педагогии Душанбе (1962) то охири умр ходими калони адабии газетаи «Тоҷикистони Советӣ» буд. Фаъолияти эҷодии Сафарзода аз соли 1958 сар шудааст. Ашъораш дар маҷмӯҳои «Корвони орзу» (1969), «Ошёни офтоб» (1972) ва мунтахаби «Мероси ҷавонӣ» (1978) гирд омадаанд. Шеърҳои ӯ соддаю равон буда, асосан Ватан, модар, дӯстию рафоқат ва ишқу муҳаббати поки ҷавониро тараннум кардааст. Шеърҳои Сафарзода ба забони русӣ, халқҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ва хориҷа тарҷума шудаанд. Сафарзода шеърҳои шоироии рус, арман, белорус, озарӣ, ӯзбек ва баъзе асарҳои адибони Шарқу Ғарбро тарҷума кардааст. Сафарзода очерку мақолаҳои зиёди публисистӣ таълиф кардааст. Бо Грамотаи Фахрии Преэидиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон сарфароз гардида буд. Узви Иттифоқи Нависандагони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР аз соли 1971.
Адабиёт: Т а б а р о в С., Дар зиндагӣ аз хеш гузорам асаре ман, дар китоби ӯ: Ҳаёт, адабиёт, реализм, Душанбе, 1984; Писатели Таджикистана, Душанбе, 1981. Ш. Ёдгорӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …