Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САФАРОВА Саид

САФАРОВА Саид

САФАРОВА Саида (таваллуд15. 8. 1923, шаҳри Тошкент), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945); балетмейстери советии тоҷик; аз оилаи коргар. Соли 1941 баъди хатми студияи те- атрии назди Консерваторияи шаҳри Москва ба фронт рафт. Аввал дар муҳорибаи назди Москва санитарка шуд. Сипас ба Фронти 1-уми Бе- лоруссия рафт. Соли 1944 дар озод намудани шаҳрҳои Полша (аз ҷумла Свидник, Люблян, Мезлеж) иштирок намуд. Аз соли 1943, баробари хизмати санитарӣ, дар ҳайати ансамбли консертӣ барои ҷанговарони Армияи Советӣ бо рақсу суруд баромад мекард. Соли 1945 дар Фронти Забайкалия буд. Ӯ соли 1946 аз армия баргашт ва дар шаҳри Тошкент ба касби артистӣ машғул шуд. Соли 1947 ба Ду- шанбе омада, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон аввал иҷрокунандаи лапар ва баъд балетмейстер шуд. Сафарова бо дастаҳои ҳунарии филармония ба бисёр шаҳрҳои Иттифоқи Советӣ ба гастрол баромадааст. Солҳои охир ҳамчун балетмейстер (устоди рақсҳои миллӣ) ба шогирдон нозукиҳои рақси миллиро меомӯхт. Аз соли 1968 нафақахӯр. Бо медалҳои ҷангӣ ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Советӣ Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. С. Абдуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …