Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САФАРОВ Султон

САФАРОВ Султон

САФАРОВ Султон (таваллуд 1935, деҳаи Дарғи райони Айнӣ), драматурги советии тоҷик. Аз оилаи колхозчӣ. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1961. Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Щепкини Москваро тамом кардааст (1958). Солҳои 1958—1965 актёри Театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ, инспектори калони управленияи санъат, сармуҳаррири шӯъбаи адабӣ ва мусиқии Комитети давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, муҳаррири калони коллегияи репертуарҳои Вазорати маданияти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон буд. Пас аз таҳсил дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС (1965-1968) дар вазифаҳои сардори управленияи санъати Вазорати маданияти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, мудири сектори Шӯъбаи маданияти Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон, директори киностудияи «Тоҷикфилм» ва проректори Институти санъати Тоҷикистон кор кард. Аз соли 1980 ҷонишини якуми вазири маданияти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Песаҳои аввалинаш «Хаткашон» (1957), «Ду рафиқ* (1960) ва «Садоқат» (1961). Драмаи қаҳрамонии Сафаров «Субҳи Хуҷанд* (1964) аз воқеаҳои револютсионии Хуҷанд (1916) ҳикоят мекунад. Драмаҳои Сафаров «Қарзи виҷдон* (1965), «Беватан» (1971), «Барои Ватан» (1973), «Муҳаббат ва адоват» (1976) ва ғайра. масъалаҳои тарбияи ҳарбию ватандӯстии насли наврасро дар бар мегиранд. Песаҳои «Уқоб» (1974), «Одамият» (1976), «Бақои умр» (1979) ба мавзӯъҳои рӯзмарраи хоҷагии қишлоқ ва синфи коргар оиданд. Песаҳои Сафаров дар театрҳои республика ва берун аз он ба саҳна гузошта шудаанд. Сафаров муаллифи маҷмӯи «Гирдоб» (1973), «Шарораи Хуҷанд» (1981), «Бақои умр» (1984), асари илмии «Колфликт ва характер» (1971). Бо медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президнуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Аз соли 1962 узви Нависандагони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик .д
Адабиёт; Писатели Таджинистана, Душанбе, 1981.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …